• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

СОЗИ ФАЛАК ТО БА СУРАЙЁ РАФТ...

12.jpg - 143.79 KbЖанри созию овозии «Фалак» аз даврони куҳан сарчашма мегирад ва арзишҳои умумимиллиро дар худ таҷассум мекунад. Дар он мазмуну моҳияти рӯзгори мардум бо андарз, ҳикмат ва тасаввуру боварҳо печидаанд. Ин печидагии мантиқӣ сабаб бар ин гардидааст, ки рӯзи фалакро дар саросари кишвар ҳамасола 10-уми октябр бо як шукуҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд.

Дар ин ҳошия, бахшида ба “Рӯзи фалак” 15-уми октябри соли равон дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши фарҳангии идона баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Акобир Мирзораҳимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои химия, дотсент Ҷамила Мусоҷонзода, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ Ҳобилҷон Зикирзода ва ҳайати профессорон, омӯзгорону собиқадорони Донишгоҳ ширкат варзиданд.

Ҷамила Мусоҷонзода – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ чорабинии фарҳангиро ифтитоҳ бахшида, ба истиқболи ин сана ҳозиринро табрик намуд. Мавсуф дар идомаи суханронӣ иброз дошт, ки «Фалак» дар асл мусиқии сирф тоҷикист, ки олуда нашуда, дар худ сабку услуби кӯҳманзарро нигоҳ медорад. Бо созҳое иҷро мешавад, ки сохту намуди худро аз даврони қадим тағйир надодааст.

Сипас бахши фарҳангии чорабинӣ, ки фарогири  суруду мусиқӣ ва созу навои дилнишин буд, ба қалбҳои ҳозирин фараҳ бахшид.

 

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 

1.jpg - 112.76 Kb 2.jpg - 128.03 Kb 3.jpg - 55.91 Kb 4.jpg - 108.07 Kb

5.jpg - 114.09 Kb 6.jpg - 96.17 Kb 7.jpg - 123.25 Kb 8.jpg - 124.99 Kb

9.jpg - 144.94 Kb 10.jpg - 60.07 Kb 11.jpg - 65.70 Kb 12.jpg - 143.79 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj