• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ПЕШГИРИИ ЗУРОВАРӢ ДАР ОИЛА

1.jpg - 70.72 KbСанаи 18.10.2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешгирии зуроварӣ дар оила” баргузор гардид. Мизи мудаввари мазкур оид ба татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023” бахшида шуда буд. Дар ин мизи мудаввар  Нурлияминзода Гулнора Абдуламид - сардори раёсати таъминоти ҳуқуқии судяҳои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гуландом Фирдавсова – ёрдамчии судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродзода Фурқат - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Лайло Шарипова – мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мусоҷонзода Ҷамила - муовини ректор оид ба корҳои  тарбиявии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар идома ба чанд нафар омӯзгорон-фаъолони ҲХДТ “Ифтихорнома”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим карда шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ, муовини ректор оид ба тарбия Мусоҷонзода Ҷамила Мансур баромад намуда, минатдории Раёсати донишгоҳро ҷиҳати баргузории чунин мизи мудаввар ба намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе расонид.

 

Суратгузориш аз рафти мизи мудаввар:

1.jpg - 70.72 Kb 2.jpg - 55.38 Kb 3.jpg - 97.04 Kb 4.jpg - 78.67 Kb

5.jpg - 98.74 Kb 6.jpg - 43.51 Kb 7.jpg - 86.11 Kb 8.jpg - 57.22 Kb

9.jpg - 71.17 Kb 10.jpg - 113.71 Kb 11.jpg - 86.70 Kb 12.jpg - 96.22 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj