• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ПАРЧАМ РАМЗИ САОДАТ ВА ПИРӮЗИИ МИЛЛАТ

9.jpg - 42.61 Kb24 – уми ноябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ бахшида ба “Рӯзи парчами давлатӣ” семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва директори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Небраскаи Омаҳаи ИМА профессор Пэтрик Макнамара баргузор гардид. Семинарро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ н.и.п, дотсент Байдуллоев Аъзам оғоз намуда, сипас бо камоли эҳтиром риштаи суханро ба меҳмони олиқадр Пэтрик Макнамара супорид. Устоди Донишгоҳи Небраскаи Омаҳа дар мавзуи  “ИМА ва Тоҷикистон:  робитаҳои илмиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар даврони Истиқлолият” маърӯзахонӣ намуд. Баъдан, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ н.и.с. Амиров Толиб Шарифович дар мавзӯи “Парчам рамзи саодат ва пирӯзии миллат”  баромад намуд. Ӯ дар маърӯзаи худ аз моҳияти пайдоиш, фарогирии хусусиятҳои он ва мавриди истифода қарор гирифтани парчами миллӣ дар созмонҳои байналмилалӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки маҳз тавассути сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ дар саросари кишварҳои ҷаҳон парафшон аст. Инчунин д.и.с., профессори ҳамин кафедра Каримов Шамсиддин Турсунматович доир ба “Рушду такомули ҳамкориҳои ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо Донишгоҳи Небраскаи Омаҳаи ИМА” ибрози андеша намуд. Боиси зикр аст, ки меҳмони олиқадр дар фарҷоми суҳбати озоди худ аз пешрафти сиёсати озоди кишвар ва болоравии сатҳи зиндагонии мардум, таъмини амнияти осудаҳолии сокинон, рушди  илму фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд ва ҳамчунин аҳли толорро бо “Рӯзи парчами давлатӣ” табрику таҳният намуд.

 

1.jpg - 24.90 Kb 2.jpg - 17.23 Kb 3.jpg - 25.94 Kb

4.jpg - 35.37 Kb 5.jpg - 25.89 Kb 6.jpg - 22.06 Kb

7.jpg - 35.91 Kb 8.jpg - 34.79 Kb 9.jpg - 42.61 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj