• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

3.jpg - 153.34 Kb24 ноябри соли 2021 дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонону донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳпаймоии донишҷӯёни донишгоҳ бо шиору овезаҳо, ки таҷассумгари сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагист, оғоз гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, кулли иштирокчиёни ҳамоишро бо ин санаи таърихӣ табрику таҳният намуд. Сипас, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарифзода Наргис Достӣ суханронӣ намуда, устодону донишҷӯёни ин макони илму донишро бо ин рӯзи фархунда аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ муборакбод намуд. Ҳамчунин, муаллими калони факултети таърих Давлатшоҳ Маҳмудов дар мавзуи “Парчам – рамзи иқболу истиқлол” руҷӯи таърихӣ намуд. Дар идомаи ҳамоиши ҷавонон аз ҷониби ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ барномаи зебои фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Дар фарҷоми ҳамоиш “Муроҷиатномаи ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Суратгузориш аз рафти ҳамоиш:

 

1.jpg - 130.00 Kb 2.jpg - 122.84 Kb 3.jpg - 153.34 Kb 4.jpg - 121.62 Kb

5.jpg - 122.82 Kb 6.jpg - 161.24 Kb 7.jpg - 110.27 Kb 8.jpg - 147.01 Kb

9.jpg - 139.93 Kb 10.jpg - 153.23 Kb 11.jpg - 163.15 Kb 12.jpg - 169.09 Kb

13.jpg - 205.75 Kb 14.jpg - 131.14 Kb 15.jpg - 84.72 Kb 16.jpg - 184.25 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj