• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

 

Гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки баъди нисфирӯзии 25 ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, соати 20:00-и 28 ноябри соли ҷорӣ қатъ карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ.
Дар изҳороти Ситоди мазкур, ки 28 ноябр пахш гардид, гуфта мешавад:
Масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти Прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории ҶТ, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.
Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд.
Фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ҳам ба низом даромад.
Нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда кори худро идома дода истодаанд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj