• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО РАИСИ КОМИССИЯИ ОЛИИ

АТТЕСТАТСИОНИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14.jpg - 57.43 Kb26 ноябри соли 2021 раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Абдулҳаким Розиқзода ва намояндагони ин ниҳоди илмӣ Расул Маъруфӣ, Муҳаммадӣ Азизӣ ва Ҷӯрабой Шарифов ҷиҳати расонидани кӯмаки  машваратӣ ба олимону муҳаққиқон дар самти бурдани таҳқиқоти илмӣ ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд. Нахуст дар ҷаласаи машваратӣ ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба фаъолияти назарраси КОА-и ватанӣ ва ҳамкории тарафайни донишгоҳ ҳарф зад. Сипас, раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода оид ба фаъолият, мушкилот ва камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ баромади муфассал намуд. Раиси ниҳоди мазкур дар вохӯрӣ бо раисон, котибон ва аъзоёни шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳ пиромуни камбудиҳои асосӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки аҳли раёсат, аз ҷумла, унвонҷӯёну докторантонро мебояд, рисолаҳои илмии хешро вобаста ба талаботҳои нави КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф намоянд, масъулин ҳуҷҷатҳои унвонҷӯёнро сатҳию рӯякӣ таҳия накунанд ва ҳамзамон пеши роҳи фабрикаҳои эҷод низ гирифта шавад.  Мавсуф бо мақсади дар оянда пешгирӣ намудани камбудиву норасоиҳо ва беҳбудии кор ба раисон, муовинон ва котибони шӯроҳои диссертатсионӣ маслиҳатҳои муфид дод. Дар идомаи ҷаласаи машваратӣ миёни ҳайати олимону профессорони донишгоҳ ва раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ш. Розиқзода музокироти судманд ҷараён гирифт. Дар фарҷом ректори донишгоҳ Н.У. Ғаффорӣ мулоқоти мазкурро ҳамчун сӯҳбати озод, бепарда ва кушод арзёбӣ намуда, барои ташрифи меҳмонон ва вохӯрии судманд изҳори сипос намуд.

Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ:

 

 

1.jpg - 61.73 Kb 2.jpg - 68.27 Kb 3.jpg - 109.87 Kb

4.jpg - 105.51 Kb 5.jpg - 71.42 Kb 6.jpg - 76.65 Kb

7.jpg - 92.07 Kb 8.jpg - 91.75 Kb 9.jpg - 105.50 Kb

10.jpg - 80.14 Kb 11.jpg - 51.46 Kb 12.jpg - 82.31 Kb

13.jpg - 76.67 Kb 14.jpg - 57.43 Kb 15.jpg - 94.25 Kb

16.jpg - 96.27 Kb 17.jpg - 64.93 Kb 19.jpg - 97.71 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj