• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ

90-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ

Таърихи ташаккулёбӣ ва фаъолияти Донишгоҳи омӯзгорӣ як пораи таърихи нави миллати мост”.

Эмомалӣ Раҳмон

1.JPG - 108.58 KbДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз аввалин муассисаи олии касбии кишвар ба ҳисоб рафта, 18-уми июли соли 1931 дар заминаи ду шуъбаи факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таъсис дода шуд, ки соли ҷорӣ аз таъсиси ин боргоҳи илму маърифат 90 сол сипарӣ гашт.

Ба ин муносибат, 24 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди низоми маориф” бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, даспарварону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Сараввал меҳмонону иштирокчиён аз намоиши дастовардҳои факултету кафедраҳои донишгоҳ дидан намуда, сипас ба толори фарҳангии донишгоҳ, ки ба ин муносибат зебову муҳташам гардида буд, ворид гаштанд. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки донишгоҳи мо муҳимтарин муассисаи таълимиест, ки қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишварро дар соҳаи маориф дар амал татбиқ менамояд ва барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кадрҳои соҳибихтисос тайёр менамояд. Сипас, табрикоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода аз ҷониби Фарух Ҳайдарзода-сардори раёсати мактабҳои олии вазорати маориф ва илми кишвар ба самъӣ ҳозирин расонида шуд. Ҳамчунин, ба унвонии раёсати донишгоҳ табрикотҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шӯрои ректорони муасисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе ва дигар сохтору ташкилотҳои кишвар ба раёсати донишгоҳ расонида шуд. Дар ҳамин фазои мутантан, ба як қатор омӯзгорони донишгоҳ барои фаъолияти пурсамари илмию омӯзгорӣ нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” супорида шуд. Инчунин, дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ барои хизматҳои шоиста дар соҳаи илму маориф ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос як қатор устодон ва кормандони донишгоҳ бо медали ҷашнии “90–солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии зебову хотирмон манзури ҳозирин гардонида шуд. Бахши фарҳангӣ бо садо додани суруди донишгоҳии “Омӯзгор” оғоз гардида, дар он хатмкардагон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида гардониданд. Бо ҳамин, ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи мазкур ба анҷом расида, кор дар бахшҳо идома ёфт.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 

1.JPG - 108.58 Kb 2.JPG - 128.57 Kb 3.JPG - 88.24 Kb 4.JPG - 81.56 Kb

5.JPG - 86.42 Kb 6.JPG - 70.99 Kb 7.JPG - 49.86 Kb 8.JPG - 77.06 Kb

9.JPG - 83.79 Kb 10.JPG - 95.08 Kb 11.JPG - 94.03 Kb 12.JPG - 57.74 Kb

13.JPG - 81.82 Kb 14.JPG - 55.57 Kb 15.JPG - 63.83 Kb 16.JPG - 62.33 Kb

17.JPG - 57.59 Kb 18.JPG - 52.22 Kb 19.JPG - 53.02 Kb 20.JPG - 58.93 Kb

21.JPG - 85.42 Kb 22.JPG - 48.41 Kb 23.JPG - 65.33 Kb 24.JPG - 72.22 Kb

25.JPG - 100.00 Kb 26.JPG - 49.44 Kb 27.JPG - 56.63 Kb 28.JPG - 62.11 Kb

29.JPG - 79.43 Kb 30.JPG - 96.83 Kb 31.JPG - 96.34 Kb 32.JPG - 96.29 Kb

33.JPG - 62.52 Kb 35.JPG - 89.75 Kb 35.JPG - 89.75 Kb 36.JPG - 72.87 Kb

37.JPG - 83.49 Kb 38.JPG - 79.13 Kb 39.JPG - 85.88 Kb 40.JPG - 73.78 Kb

41.JPG - 80.60 Kb 42.JPG - 76.62 Kb 43.JPG - 88.35 Kb 44.JPG - 83.62 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj