• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ ВА МУШКИЛОТИ

ТАТБИҚИ ОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ

1.JPG - 53.39 Kb25 декабри соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ дар мавзуи “Муносибати босалоҳият ба таълим ва мушкилоти татбиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ба ифтихори 90-солагии таъсисёбии факултети филологияи тоҷик баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон баромад намуда, қайд дошт, ки муносибати босалоҳият дар таълим ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ, маърифатӣ ва касбӣ равона карда шуда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани шогирдони сазовор ва ҳаматарафа такомулёфта нигаронида шудааст. Сипас, профессорон Шарифмурод Исрофилниё, Абдусамад Мулоев, Рухшона Восиева, Саъдулло Нематов ва Ирина Каримова баромад намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин конференсия олими шинохта ва педагоги машҳури кишвар, хатмкардаи донишгоҳ академик Маҳмадулло Лутфуллоев иштирок намуда, аз овони донишҷӯии хеш ба ҳозирин нақли хотирмон кард. Мавсуф таъкид дошт, ки  ин  боргоҳи илму маърифат  барояш хеле арзиши воло дорад.

Сипас, дар факултети филологияи тоҷики донишгоҳ бахши фарҳангӣ бо суруду таронаҳои дилнишин манзури ҳозирин гардонида шуда, кори бахшҳои конференсия идома ёфт.

Суратгузориш аз рафти конференсия:

1.JPG - 53.39 Kb 2.JPG - 81.12 Kb 3.JPG - 87.12 Kb 4.JPG - 86.07 Kb

5.JPG - 91.85 Kb 6.JPG - 76.20 Kb 7.JPG - 90.36 Kb 8.JPG - 59.55 Kb

9.JPG - 90.55 Kb 10.JPG - 90.32 Kb 11.JPG - 90.65 Kb 12.JPG - 84.36 Kb

13.JPG - 58.82 Kb 14.JPG - 56.30 Kb 15.JPG - 54.48 Kb 16.JPG - 75.83 Kb

17.JPG - 76.62 Kb 19.JPG - 54.81 Kb 20.JPG - 78.36 Kb 21.JPG - 111.02 Kb

22.JPG - 102.09 Kb 23.JPG - 93.70 Kb 24.JPG - 108.47 Kb 25.JPG - 113.50 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj