• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ОЛИМОН БАРГУЗОР ГАРДИД

4.JPG - 58.63 Kb29 декабри соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеи Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати устодону кормандон, профессорон, садорати факултетҳову мудирони кафедраҳо ва роҳбарони зерсохторҳои донишгоҳ  баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур нахуст ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ сухан намуда, ба ҷаласаи ҳусни оғоз бахшид. Сипас “Ҳисобот доир ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” аз ҷониби ректори донишгоҳ шунида шуд, ки дар он пиромуни фаъолияти 5 самти асосии ин муассисаи таълимӣ сухан рафт. Пас аз анҷоми маърӯзаи сарвари донишгоҳ профессорон Биҳафиза Маҷидова, Шамсиддин Солеҳов, Акобир Мирзораҳимов ва муовини ректор оид ба корҳои таълим Абдусалом Мирзозода доир ба пешравиҳову пешбиниҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ барои соли 2022 ба музокира баромаданд.

Дар қисмати дигари ин ҷаласа тибқи фармоиши ректори донишгоҳ барои хизматҳои шоиста дар соҳаи илму маориф ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос як қатор олимону профессорони собиқадори донишгоҳ бо медали ҷашнии “90-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” сарфароз гардонида шуданд ва вобаста ба ин масъала инчунин як қатор омӯзгорони донишгоҳ, ки дар ҳамин соли ҷорӣ рисолаҳои номзадиву доктории худро сарбаландона ҳимоя намуданд, бо маблағҳои пулӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ ҳавасманд гардонида шуданд ва қисми дигари устодон бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Суратгузориш аз рафти ҷаласа:

 

 

1.JPG - 76.78 Kb 2.JPG - 93.61 Kb 3.JPG - 75.76 Kb 4.JPG - 58.63 Kb

5.JPG - 89.06 Kb 6.JPG - 85.46 Kb 7.JPG - 69.81 Kb 8.JPG - 93.06 Kb

9.JPG - 62.45 Kb 10.JPG - 81.36 Kb 11.JPG - 52.60 Kb 12.JPG - 53.66 Kb

13.JPG - 56.90 Kb 14.JPG - 77.83 Kb 15.JPG - 65.08 Kb 16.JPG - 101.21 Kb

17.JPG - 74.61 Kb 18.JPG - 76.06 Kb 19.JPG - 76.72 Kb 20.JPG - 77.71 Kb

21.JPG - 72.17 Kb 22.JPG - 77.51 Kb 23.JPG - 77.41 Kb 24.JPG - 70.87 Kb

25.JPG - 76.76 Kb 27.JPG - 82.92 Kb 28.JPG - 79.34 Kb 29.JPG - 78.51 Kb

30.JPG - 79.69 Kb 31.JPG - 76.04 Kb 32.JPG - 78.75 Kb 33.JPG - 71.67 Kb

34.JPG - 77.99 Kb 35.JPG - 76.93 Kb 36.JPG - 79.34 Kb 37.JPG - 78.47 Kb

38.JPG - 79.19 Kb 39.JPG - 79.52 Kb 40.JPG - 75.71 Kb 41.JPG - 76.04 Kb

42.JPG - 84.05 Kb 43.JPG - 78.03 Kb 44.JPG - 75.17 Kb 45.JPG - 79.44 Kb

46.JPG - 75.72 Kb 47.JPG - 75.44 Kb 48.JPG - 74.28 Kb 49.JPG - 77.63 Kb

50.JPG - 74.62 Kb 51.JPG - 68.87 Kb 52.JPG - 76.14 Kb 53.JPG - 74.35 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj