• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

13 январи соли 2022 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Ҳабибзода Зоир Иззат – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи марказии ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим Холмурод – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Меликзода Парвина – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насимҷон Расулзода  – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсат ва аъзои Кумитаи иҷроия, раисон, намояндагони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, намояндагони нашрияҳои ҳизбӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2021 натиҷирӣ гардида, нақшаи кории Кумита барои соли 2022  тасдиқ ва як қатор масъалаҳои дохилиҳизбӣ баррасӣ карда шуданд. Қобили зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳои таблиғотии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар доираи нақшаи мазкур вохӯриҳо бо сокинон ба роҳ монда шуд.

Дар анҷоми ҷаласа як қатор аъзои ҳизб, ки дар соли сипаригардида  дар пешбурди кори ҳизб саҳми арзанда гузоштанд, бо “Ифтихорнома”-ву “Сипоснома”-ҳои Кумитаи марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроя дар ноҳияи И.Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин ба якчанд нафар шаҳодатномаи узвияти ҲХДТ супорида шуд.

Суратгузориш аз рафти ҷаласа:

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj