• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (олмонӣ ва фаронсавӣ)

Кафедрахо 54



Раҳматулло Куҷов
мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ  (забони олмонӣ ва забони   фаронсавӣ)
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Тел: 935276179
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Раҳматулло Куҷов 17-уми августи соли 1967 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, пас аз хатми мактаб ӯ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ дохил шуда ин донишгоҳро бо муваффақият хатм кардааст. Таҳсилоташ олӣ ва ихтисосаш омӯзгори фанни забони олмонӣ ва методист мебошад. Аз сентябри соли 1991 то соли 1997 дар МТМУ №21 – и деҳаи Зимтӯдиш.Панҷакент кор ва фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 1997 дар кафедраи забони олмонӣваметодикаитаълимионбаҳайсимуаллимизабониолмонӣкормекунад. Унвони илмӣномзадиилмҳоипедагогӣ.


 

 

Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ  (забони олмонӣ ва забони   фаронсавӣ)

Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (олмонӣ – фаронсавӣ) дар назди кафедраи забони олмонӣ – ва методикаи таълими он, кафедраи забони фаронсавӣ  ва методикаи таълими он  таъсис ёфта, аз моҳи августи  2019 ҳамчун кафедраи мустақил фаъолият мекунад. Мудири кафедраи мазкур номзади илмҳои педагогӣ дотсент Куҷов Р. М мебошад. Дар кафедра 1-нафар доктор,2-нафар номзади  илм, 2-нафар омӯзгори калон, 2-нафар ассистент ба корҳои таълимиву тарбиявӣ машғуланд. Дар умум теъдоди устодони кафедра 7-нафарро ташкил менамояд. Устодони кафедра бо намояндагии кишварҳои Фаронса, Олмон ва Австрия ҳамкории судманде доранд. Инчунин мунтазам дар кишварҳои номбурда аз такмили ихтисос мегузаранд.

Дар кафедра масъалаҳои таҳқиқи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ олмонӣ ва фаронсавӣ баррасӣ мегарданд. Иҷрокунандагон омӯзгорони кафедра мебошанд. Инчунин дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо унвони “Методисти ҷавон” фаъолият мекунад.

Айни ҳол дар факултет чаҳо ркафедра: кафедраи забони олмонӣ, кафедраи забони фаронсавӣ, кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, (фаронсавӣ ва олмонӣ) ва кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума арзи вуҷуд дорад. Бояд тазаккур дод, ки собиқ кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, ки соли 1993 таъсис дода шудабуд, баъди ба факултаҳои алоҳида тақсим шудани факултети забонҳои хориҷӣ номи “Кафедраи лингво дидактика”- ро соҳибшуд. Ба кафедраи мазкур устодон Рашид Убайдуллоев (1973-1976), Павлина Сатская (1976-1983) ва Хайрулло Сайфуллоев (1983-2008) роҳбарӣ кардаанд. Моҳи апрели соли 2008 ба хотири муттаҳид намудани кафедраҳо аъзоёни кафедраи лингводидактика ба кафедраҳои забони олмонӣ ва кафедраи забони фаронсавӣ гузаронида шудаанд.

Дар кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он устодони зерин вазифаи мудирии кафедраро иҷрокардаанд. доктори илмҳои филологӣ, профессор Михаил Александров (1941- 1951), саромӯзгор Любов Букатина ( 1951-1957 ), саромӯзгор Эмма Валтер (1957- 1964 ), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Артур Сергеев (1964-1972), саромӯзгор Александра Калинушкина (1972-1978), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рустам Деҳотӣ (1978-1984), саромӯзгор Мария Бурҳоновна (1984- 1988), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Любов Ҳакимова (1988- 1992), саромӯзгор Нафасшо Шозедов (1992-1993), саромӯзгор Мария Бурҳоновна (1993- 1995), дотсент Рустам Деҳотӣ (1995-1998),  дотсент Хайрулло Сайфуллоев (1998-2003), саромӯзгор Нафасшо Шозедов (2003-2008), саромӯзгор Зведамо Нурова (2008 - 2012), дотсент Хайрулло Сайфуллоев (2012-2016), дотсент Зарина  Сайфуллоева (2016-2018), номзади илмҳои педагогӣ Раҳматулло Куҷов (2018-2019). Аз соли 2019 то ҳол ба ҳайси мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (олмонӣ ва франсавӣ) фоъолият дорад. Робитаи омӯзгорони кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он бо донишгоҳҳои Олмон ва Австрия қавӣ аст. Устодон

Сайфуллоев Х.,

Сайфуллоева З.,

КуҷовР.,

Нурова З.,

Хоркашова З.,

Ҷаҳонов А.,

Ҷурабеков К.,

Раҷабова Ф.,

Одинаев Ф.,

Зулфиқори Р.,

Ҷабборов А.,

Умедов Ш.,

Неъматова Х.,

дар донишгоҳҳои Берлин,  Бонн, Вена, Кёлн, Гратс ва ғайра такмили дониш ва коромӯзӣ кардаанд

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj