• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ОҒОЗИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

Чун анъана ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар кишвари азизамон – Тоҷикистон ҳафтаи илм ном гирифта, бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дар ин замина 14 апрели соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (барои солҳои 2020-2040), Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаи пленарии конференсияро ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки воқеан дар даврони истиқлолият муаррифӣ кардани дастовардҳои илмии омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба ҳукми анъана даромадааст. Сипас профессори кафедраи физикаи эксперементалӣ Ҳамид Маҷидов, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Насимҷон Зарифов ва мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ ва мошиншиносӣ Насриддин Олимов бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ва мубрам баромад карданд. Дар фарҷом як қатор устодону кормандони донишгоҳ барои фаъолияти бенуқсон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо “Ифтихорнома”-и Раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони озмуни умумидонишгоҳии “Олими сол” қадрдонӣ карда шуданд. Зимнан, ба омӯзгорони ҷавоне, ки рисолаҳои номзадиву доктории хешро сарбаландона ҳимоя намуда буданд, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Бояд қайд намуд, ки ҳафтаи илм дар донишгоҳ аз рӯи бахшҳо дар кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ то санаи 19.04.2022 ҷараён хоҳад гирифт.

 

Суратгузориш аз рафти ҷаласа:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj