• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАЪМИНИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БО ҶОИ КОР

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон ҳар сол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии хатмкунандагон бо намояндагони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо барпо карда мешавад. Ҳамин тавр 3-юми майи соли 2022 вохӯрии навбатӣ бо хатмкунандагони риштаи омӯзгории донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ, сармутахассиси раёсати кадрҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафармо Сафарзода, сардори шуъбаи кадрҳои сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷумъахон Самиев ва намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок карданд. Вохӯриро профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ карда, меҳмононро муаррифӣ намуд ва њадафи чорабиниро баён намуд. Мавфсуф зимни суханронии хеш зикр кард, ки соли ҷорӣ донишгоҳро 528 нафар донишҷӯёни тариқи буҷавӣ таҳсилкунанда, аз ҷумла 136 нафар тариқи квота, хатм мекунанд ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Қарордоди фаъолияти якҷояи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаи олии касбии таълимии давлатӣ ва донишҷӯ» онҳо бояд дар муассисаҳои давлатӣ на камтар аз 3 сол фаъолият намоянд. Сипас меҳмонон баромад намуда, донишҷўёнро бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм оид ба мутахассисони ҷавон, уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои онҳо  шинос намуданд ва ҳамзамон ба саволҳое, ки аз тарафи донишҷён пешкаш карда шуданд, посухҳои қаноатманд доданд.

Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj