• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МУАММОҲОИ ЭКОЛОГИИ МИНТАҚАҲОИ ТАБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

4 майи соли 2022 бо ибтикори кафедраи геоэкологияи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи тарбияи экологӣ, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои экологии минтақаҳои табии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он мутахассисон аз дигар донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар ниҳодҳои илмии кишвар иштирок карданд.

Ҷаласаи пленарии конференсияро профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни ифттитоҳ бахшида, ҳангоми суханронии худ аз ҷумла зикр намуд, ки солҳои охир дар натиҷаи муносибати нодурусти одамон ба муҳити зист бисёр аз намудҳои ҳайвоноту наботот рӯ ба нестӣ овардаанд. Баландшавии ҳарорат, обхезӣ, гирдбодҳои даҳшатовар ва дигар офатҳои табиӣ ба назар мерасанд, ки сабаби асосии ин ҳодисаҳо муносибати нодурусти инсон ба табиат мебошад ва ҳоло муаммоҳои экологӣ на танҳо ба минтақаи алоҳида, балки ба тамоми кураи замин таҳдид мекунад. Сипас сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Нурулло Раҳимзода, профессори ДДОТ ба номи С. Айнӣ Холназар Муҳаббатов ва дотсенти ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур Убайдулло Акрамов оид ҷанбаъҳои гуногуни тағйироти иқлим ва таъсири он ба муҳити зист маърӯза карданд. Қобили зикр аст, ки кори конференсия дар се бахш, яъне таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои табиӣ, мушкилоти экологии истифодабари захираҳои табиӣ ва масоили тарбияи экологиву омода кардани мутахассисон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист идома ёфт.

Суратгузориш аз рафти конференсия:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj