• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҚАҲРАМОНИИ ГУЗАШТАГОН ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

5 майи соли 2022 бахшида ба 77-умин солгарди Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Қаҳрамонии гузаштагон намунаи ибрат” баргузор гардид. Нахуст, иштирокчиёни конференсия дар зери лавҳаи «Ёдномаи устодону кормандони донишгоҳ”, ки дар набардҳо алайҳи фашизм ҷонбозиҳо кардаанд, бо маросими гулчанбаргузорӣ поси хотир намуданд. Сипас ҷаласаи пленарии конференсия баргузор гардид, ки онро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, аз қаҳрамониҳои бемисли ҷанговарони тоҷик ёдовар шуд.

Баъдан, котиби масъули Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Элмурод Турсунов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии ДДЗТ ба номи С. Улуғзода Зебониссо Бобоалиева ва мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Зариф Наимов оид ба саҳми тоҷикон дар ҶБВ маърӯза карданд. Дар идома озмуни иншои беҳтарин бахшида ба “Рӯзи ғалаба” ҷамъбаст гардида, ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Њамзамон яқ қатор устодони собиқадори донишгоҳ аз љониби Иттифоќи касабаи кормандон ва устодони донишгоњ бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин маврид ба ёдоварист, ки кори конференсия дар бахшҳо идома ёфт.

Суратгузориф аз рафти конференсия:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj