• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

СЕМИНАР ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАРҲАНГИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ ДОНИШҶӮЁН

10  майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯйёни донишгоҳ ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” семинари омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани фарҳанги зиддикорупсионӣ дар байни донишҷӯёни донишгоҳ  баргузор гардид. Семинарро муоивни ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷ. Мӯсоҷонова ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас  нозири калони шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи АНДММК  Ф. Раҳмонзода доири ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва намояндаи ташкилоти ҷамъиятии болозикр А. Шарипов оид ба стандартҳои байналмилалии мубориза бо коррупсия  маърӯза карданд. Дар фарҷоми семинар байни донишҷӯён викторина баргузор гардида, беҳтаринҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ када шуданд.

Суратгузориш аз рафти семинар:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj