• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ МУЪМИН ҚАНОАТ

11 майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, профессор Абдунабӣ Сатторзода,  директори Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ Баҳром Раҳматов, ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Олим Бухориев  ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ қайд намуд, ки Муъмин Қаноат яке аз он шоироне буд, ки дар нимаи дуюми садаи 20 фаъолияти адабии худро шурӯъ карда, дар таҳаввулоти назми муосири тоҷик саҳми бориз гузошт. Сипас,  Аскар Ҳаким, Абдунабӣ Сатторзода, Баҳром Раҳматов ва Олим Бухориев перомуни зиндагӣ ва эҷодиёти шоир маърӯза карданд. Зикр гардид, ки Муъмин Қаноат дар ҳамаи жанрҳои назмӣ асар эҷод карда, аз ҷумла як қатор достонҳояш ба мисли  “Сурӯши Сталинград”, “Мавҷҳои Днепр”, “Тоҷикистон - исми ман”, “Гаҳвораи Сино” мондагортарин асарҳо дар адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд. Дар рафти чорабинӣ инчунин аз тарафи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики донишгоҳ ашъори шоир қироат карда шуданд.

Суратгузориш аз рафти ҳамоиш:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj