• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ “ФРАНКОФОНИЯ”

11 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар чорчӯбаи ҳафтаи фарҳанги фаронсавӣ “Франкофония” дар Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз тарафи донишҷӯёни бахши фаронсавии донишгоҳ омода карда шудааст, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран, атташеи фарҳангии сафорат Эва Тозйе, намояндаи Дафтари ҳамкории Шветсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муаттара Баширова, директори маркази фарҳангии “Бохтар” Дина Миллер, раиси Ассотсиатсияи омӯзгорони забони фаронсавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Шоев, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок варзиданд. Чорабиниро мудири кафедраи забони франсавии донишгоҳ Султонзода Соқибой ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод. Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ  меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз таърихи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Фаронса ибрози ақида намуда, аз ҷумла зикр кард, ки имсол мо 30 солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Фаронсаро ҷашн гирифта истодаем. Ҷумҳурии Фаронса аз нахустин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монд. Бигзор муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикисто нва Ҷумҳурии Фаронса поянда бимонанд, то дар партави муносибатҳои дипломатӣ муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ, илмию фарҳангӣ таҳким ёфта, ба дӯстии воқеии халқҳои тоҷику фаронсавӣ мусоидат кунанд. Дар навбати худ сафири фавқулодда ва мухтории Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран қайд намуд, ки аз ҳамкорӣ бо донишгоҳ қаноатманд буда, барои вусъат додани он дар оянда ва бо муаллими соҳибзабон таъмин намудани шӯъбаи забони фаронсавӣ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Дар навбати худ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран қайд намуд, ки аз ҳамкорӣ бо донишгоҳ қаноатманд буда, барои вусъат додани он дар оянда ва бо муаллими соҳибзабон таъмин намудани шӯъбаи забони фаронсавӣ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Сипас аз тарафи донишҷӯёни шуъбаи забони фаронсавии факултети забонҳои романию германӣ намоиши барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаш карда шуд, ки аз саҳнача, рақс ва сурудхонӣ иборат буд. Дар фарҷом аз љониби Сафорати Фаронса дар Љумњурии Тољикистон ва Дафтари ҳамкории Шветсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни чорабинӣ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj