• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҶАВОНОН – НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Мусаллам аст, ки ҳамасола дар кишвари азизамон – Тоҷикистон 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар заминаи ғамхориву дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар солҳои охир дар доираи Рӯзи ҷавонони кишвар силсилаи чорабиниву маросимҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва маърифатӣ доир мегарданд. Ҳамин гуна чорабинӣ 12 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адбулло Раҳмонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ аз донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо сухани табрикотӣ ҳусни оғоз бахшида, қудуми меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Мавсуф зимни баромади хеш аз дастовардҳои ҷавонони донишгоҳ дар як соли охир ёдовар гардида, саҳми ҷавонони донишгоҳро дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ ва  фарҳангию фароғатӣ назаррас ҳисобид. Сипас, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Адбулло Қурбоналӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки  дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа бамаротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Дар идома, аз ҷониби ансамбли “Чеҳранамо” – и донишгоҳ барномаи фарҳангии дилнишин манзури ҳозирин гардонида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ барои саҳми арзандаашон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон “Сипоснома” – ҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj