• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

АЁДАТИ ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР

12 майи соли 2022 раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ Раҷабмоҳ Қосимова, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Дилшод Раҷабов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Маъдӣ Абдураҳмонов ва намояндагони дафтари матбуоти донишгоҳ барои аёдат ба хонаи омӯзгори собиқадори донишгоҳ муаллими калони кафедраи методикаи таълими забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик Ҳотам Саидов рафтанд. Омӯзгори собиқадор Ҳотам Саидов аз таҷрибаи омӯзгории 62-солаи хеш ёдовар шуда, қайд намуд, ки касби омӯзгорӣ беҳтарин касб мебошад. Зеро ман 62 соли ҳаёти хешро сарфи ин касби пуршараф кардааму аз ин касби интихобкардаи хеш ҳеҷ гоҳе пушаймон нестам. Имрӯз ман бо шогирдони тарбияткардаи худ ифтихор мекунам. Дар куҷое, ки бо ман рӯ ба рӯ мешаванд чи хел хизмат карданашонро намедонанд. Сипас, хабарнигори нашрияи “Омӯзгори ҷавон”-и донишгоҳ Абдулхайр Абдураҳмонов бо ин омӯзгори собиқадор мусоҳиба анҷом дод.


 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj