• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАР ДОНИШГОҲ ШӮРОИ НАВИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ТАЪСИС ЁФТ

14 майи соли 2022 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки профессорон, устодон ва дигар меҳмонон ҷаласаи муаррифии Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) –доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D011900 - Забони хориҷӣ: ду забони хориҷӣ (забонҳои русӣ ва англисӣ) ва 6D011900 - Таълими касбӣ ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рўи ихтисосҳои 13.00.02 - Назария ва методикаи таълиму тарбия ва 13.00.08 - Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ, ки таъсиси он бо фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Розиқзода аз 8 апрели соли 2022 ба тасвиб расид, баргузор гардид. Ҷаласаро ректори донишгоҳ професор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадафи таъсиси шӯрои мазкур андешаронӣ намуд. Ӯ зимни суханронии худ қайд намуд, ки таъсиси чунин шӯроҳо имрӯз аз ҳар ҷиҳат барои унвонҷӯёну докторантони самту соҳаҳои гуногуни педагогӣ муфиду муҳим ба шумор меравад ва ин иқдоми шоистаро аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд. Сарвари донишгоҳ инчунин ба ҳайати нави шӯро ҷиҳати идома додани корашон барору комёбӣ орзу намуда, даъват ба амал овард, ки фаъолияти шӯро шаффофу бегазанд ва ба талаботи КОА-назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад. Сипас раиси шўрои навтаъсис профессор Хайрулло Сайфуллоев ба аҳли толор ҳайати шӯрои диссертатсиониро шинос намуда,  ҳамзамон дар бораи  талаботи нави барасмиятдарории диссертатсия ва авторефератҳо маълумот дод. Дар фарҷом ҷиҳати нигаҳдошти эътибори шўро, таваҷҷўҳи холисонаю воқеъбинона ба диссертатсияҳои ба шўро воридшаванда ва умуман баланд бардоштани иқтидори илмии донишгоҳ андешаҳо иброз гаштанд.

 

 

Суратгузориш аз рафти ҷаласа:

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj