• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ОИЛА

14 майи соли 2022 бо ибтикори кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факултети психология ва таҳсилоти фарогири Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Сабабу омилҳои мусоидаткунанда ба хушунати байниҳамии ҳамсарон дар оилаҳои муосир ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар устодону донишҷӯёни факултет иштирок ва суханронӣ карданд. Сараввал мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ дотсент Баротова Г. дар мавзӯи “Зӯроварӣ дар оила” маърӯза кард. Сипас ассистенти кафедра Фархудинова Ҷ. оиди сабаб ва омилҳои талоқ, инчунин таъсири он ба кӯдакон, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси психологияи иҷтимоӣ Мамадносирова Ш. дар бораи психологияи занон, донишҷӯи курси 2-и ихтисоси психологияи муносибатҳои оилавӣ – Давлатова М. перомуни каҷрафтории оилавӣ ва шаклҳои зоҳиршавии он маърӯза карданд. Дар фарҷом раиси шӯрои занону духтарони донишгоҳ – Туманова Б. баромад намуда, ҳамзамон ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи баналмилалии оила табрик намуд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj