• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АДАБӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ УБАЙД РАҶАБ

17 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб таҳти унвони “Мақом ва ҷойгоҳи Убайд Раҷаб дар адабиёти тоҷики садаи XX” ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур адибон, олимон, пайвандони шоир ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карданд. Чорабиниро муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ профессор Акобир Мирзораҳимов ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш доир ба саҳми Убайд Раҷаб дар рушди адабиёти тоҷик, махсусан адабиёти бачагонаи нимаи дуюми садаи XX ибрози андеша намуд.

Сипас  профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филологияи тоҷик Вафо Элбоев дар бораи ду шеъри машҳур “То ҳаст оламе, то ҳаст одаме”-и У. Раҷаб ва “Забони модарӣ”-и Б. Собир, ходими пешбари илми АМИ Тоҷикистон Али Муҳаммадии Хуросонӣ оиди ба хотироти У. Раҷаб ва дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт Абдулҳамид Шоев перомуни бадеияти каломи У. Раҷаб дар мисоли шеъри  “То ҳаст оламе, то ҳаст одаме” маърӯза карданд. Дар давоми чорабинӣ инчунин аз тарафи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик намунаҳо аз ашъори Убайд Раҷаб қироат карда шуданд.

Суратгузориш аз рафти ҳамоиш:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj