• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

НИГОҲИ МУҲАҚҚИҚОН БА ОСОРИ ЛОИҚ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддини Айнӣ ба ифтихори солрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ зери унвони «Нигоҳи муҳақиқон ба осори Лоиқ Шералӣ» ҳамоиши пуршукуҳи илмиву адабӣ баргузор гардид. Зимни ифтитоҳ декани факултети педагогика, номзади илмҳои филология Саъдӣ Қосимов дар мавриди ҷойгоҳи устод Лоиқ Шералӣ дар адабиёти навини тоҷик сухан карда иброз дошт, ки бо шарофати Лоиқ на танҳо муҳтаво, балки дар муҳтавои шеъри солҳои ҳафтод ва ҳаштодуми садаи ХХ - и тоҷик таҳаввули ҷиддӣ ба миён омад. Мавзуъҳои гиромидошти забони модарӣ, ҳифзи он, тақвияти худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, садоқат ба меҳан, эҳёи суннатҳои миллӣ дар он солҳо аз мавзуҳои тозаи адабиёт маҳсуб мегардиданд, ки дар замони режими ҳокими вақт кам андар ками адибон ба онҳо рӯй меоварданд. Лоиқ дар он даврон бо ҷасорати бемисли адабӣ ба ин мавзуъҳо рӯй овард, барои хештаншиносӣ  ҷадал кард, аз ин рӯ, шеъри ӯро намои худшиносии миллӣ номидан ба мақсад мувофиқ аст.

Доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод монографияи тозанашри номзади илмҳои филология, шодравон Холмаҳмад Раҳимов «Ҷустор андар шинохти шеъри Лоиқ- ро илман холисона баррасӣ намуда, онро тадқиқоти арзишманд дар ҷодаи лоиқшиносӣ ва саҳифаи тоза дар адабиётшиносии муосир арзёбӣ намуд. Дар монография бори аввал масъалаи ҷустори ҳунарии Лоиқ Шералӣ дар шеъри муосири тоҷик ва фардияти эҷодии ӯ дар ҷараёни адабии нимаи дуюми солҳои шасти қарни ХХ ва баъди он мавриди пажӯҳиши густурдаи илмӣ қарор гирифтааст,  иброз дошт профессор С. Хоҷазод. Аз мутолиаи рисола бармеояд, ки воқеияти рӯзгор аз шахсияти шоир ҷудо нест, шодиву фараҳ, ғаму ғуссаи рӯзгори воқеӣ ба шахсияти ӯ таъсири мутақобила доранд, шоир аз ҳамин воқеият илҳом мегирад, аз ин рӯ, сарманшаи шеъраш ба воқеият асос дорад. Чунин осор дар пайкари хонанда зӯри қавии эҳсос ва андешаро мебарафканад, ҷисму ҷонро ба хурӯш меорад, ба дилҳо менишинад ва маҳз ба ин хотир, шеъри Лоиқ ҷанбаи умумӣ (типӣ) касб намуда, умри бардавом дорад, муҳимтар аз ин, шахсияти Лоиқ чун фарди пуржнерҷӣ, солору андешаманди ҳикматофари зиндагиафрӯз таҷаллӣ меёбад.

 

Дар маърӯзаи номзади илмҳои филология Равшани Ҳамроҳ «Мушкилоти шеъру шоирӣ аз нигоҳи устод Лоиқ» ва суханронии устоди донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Сулаймон Анварӣ оид ба мавзуи фавқуззикр ва нақши муҳаққиқи осори Лоиқ равоншод Холмаҳмад Раҳимӣ дар пажӯҳиши осори Лоиқ  фактҳои наву фикрҳои бикр пешниҳод гардид.

Андешаҳои дӯстон, хотироти ҳамкорон, зикри хайри пайвандон ва қироати шеърҳо аз осори Лоиқ аз ҷониби донишҷӯён ба маҳфил сафои тоза ҷилои хоса бахшид.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан бо эҳтимоми кафедраи забони тоҷикии ҳамин донишгоҳ маҷмуаи илмии «Устод Лоиқ ва забони миллӣ» мунташир шуда буд, ки аз пажӯҳишҳои бунёдӣ дар шинохти ҷойгоҳи устод Лоиқ Шералӣ дар адабиёти муосири тоҷик ба шумор меояд.

Суратгузориш аз рафти ҳамоиш:

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj