• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ОҒОЗИ СЕССИЯИ ТОБИСТОНА ДАР ДОНИШГОҲ

Шурӯъ аз 25 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ раванди имтиҳонсупорӣ (сессияи тобистона)-и донишҷӯёни курсҳои 1-4-уми шакли таҳсили рўзона оғоз гардид. Донишҷӯён дар се Маркази қабули имтиҳонот ба тариқи тестӣ имтиҳон супорида истодаанд. Ба ғайр аз ин, дар асоси ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 фоизи фанҳои тадрисшавандаи нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ гирифтани имтиҳонот ба роҳ монда шудааст. Ҳамин тариқ тибқи нақшаҳои таълимии амалкунандаи донишгоҳ  аз 25 майи соли ҷорӣ қабули имтиҳонҳо дар се шакл – шифоҳӣ, хаттӣ ва тестӣ ба роҳ монда шудааст.

Бояд зикр кард, ки синфхонаҳое, ки дар онҳо имтиҳоноти хаттӣ ва шифоҳӣ сурат гирифта истодааст, бо камераҳои назоратие, ки сабти садо низ мекунанд, муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

 

Суратгузориш аз рафти имтиҳонҳо:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj