• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хусуси маълумоти бардуруғ ва иғвоангезе, ки вобаста ба кушта шудани яке аз саркардагони гуруҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, Мамадбоқиров Мамадбоқир дар сомонаи “ФОРС НЮС” ба нашр расидаст, бо масъулияти том иброз менамояд, ки иттиҳдияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Дар робита ба ин айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мазҳаби расмӣ, мазҳаби Ҳанафия ва мазҳаби шиаи Исмоилия таи ҳазорсолаҳо дар фазои дустиву бародарӣ ва сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд.
​ ​ Бояд қайд кард, ки пайравони Шиаи Исмоилиён дар худ Пешвои руҳонӣ доранд ва таи ҳазорсолаҳо аз насл ба насл дар партави ҳидоятҳои раҳнамунсозашон зиндагӣ ба сар бурда истодаанд. Вале аз руи маълумоти расмии сомонаи дар боло зикршуда, ки сокини шаҳри Хоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқирро “лидери мазҳаби шиа” эълон кардааст, куллан нодуруст буда, ин шахс бо рафтору кирдори ҷинояткоронаву амалҳои мардумозориаш байни сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон ном баровардаст.
​ ​ Паҳн намудани ингуна маълумотҳои иғвоангезона дар шабакаҳи иҷтимоӣ ба ҷуз афрухтани оташи кинаву адоват ва барангехтани оташи ҷангу хунрезӣ беш нест.
​ ​ ​ Бинобар​ ин аз масъулини сомонаи болозикр қотеъона талаб карда мешавад, ки аз паҳн намудани чунин маълумотҳои беасос минбаъд худдорӣ намоянд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj