• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ЗИ КИМИЁ ЁФТ РАВНАҚ РӮИ ДУНЁ...

Ҳамасола ҳафтаи охири моҳи май дар саросари ҷаҳон Рӯзи химикон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат 26 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Зи кимиё ёфт равнақ рӯи дунё” баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ баромад намуда, тамоми иштирокчиёнро ба Рӯзи химикон табрику муборакбод намуда, аз ҷумла зикр кард, ки пас аз амалӣ гардидани системаи маълумоти бисёрзигаӣ ва ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе мақоми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, факултети биология-химия ба факултетҳои мустақили химия ва биология ҷудо шуд. Ҳоло бошад дар факултети химия зиёда аз 1200 нафар донишҷӯён дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил дошта, зиёда аз 40 нафар омӯзгорони варзида таълиму тарбия медиҳанд. Сипас, доктори илмҳои химия профессор Сироҷиддин Бандаев суханронӣ намуда, оид ба таърихи ҷашнгирии Рӯзи химикон маърӯза намуд. Ҳамчунин доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҳамид Маҷидов суханронӣ намуд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби номзади илмҳои химия Қурбонова Ҳанифа барои ҳозирин таҷрибаҳои химиявии диққатҷалбкунанда гузаронида шуд. Ҳамчунин барномаи зебои фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултети химия Муҳаммадсалим Усмонов баромад намуда, ба чанд нафар донишҷӯёни фаъоли факултет ифтихорномаву сипоснома тақдим намуд.

 

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj