• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ “ШИКАСТИ ФИТНА”

26 майи соли 2022 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеи Раёсати донишгоҳ баргузор гардид. Дар  ҷаласа масоили марбут ба беҳтар намудани раванди таълим, баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва ҳамзамон мушкилоти рӯзмарраи ҷомеа ба мисли пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ аз тарафи устодону донишҷӯён баррасӣ шуданд. Инчунин дар доираи ҷаласаи мазкур омӯзгорону кормандони донишгоҳ филми мустанади “Шикасти фитна”-ро тамошо карда, дар бораи мӯҳтавои он ибрози андеша намуданд.  Аз ҷумла қайд карда шуд, ки хоинону бадхоҳони миллат дар тӯли таърих ҳеч гоҳе ба марому мақсадҳои нопоки хеш нарасидаанд ва амалҳои зишту ноадолатонаи ин гуна афрод дар таърихи кишвар бо ҳарфҳои сиёҳ сабт мегардад.

Суратгузориш аз рафти ҷаласа:

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj