• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

НАҚШИ ИЛМҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ ДАР РАВАНДИ САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР

28 майи соли 2022 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-методии байналмилалӣ дар мавзуи “Нақши илмҳои табиӣ-риёзӣ ва методикаи таълими онҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар” бахшида ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)” ва ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Акобир Мирзораҳимов ҳусни оғоз бахшида,  риштаи суханро ба ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод. Мавсуф ҳозиринро хайрамақдам гуфта, зимни суханронии худ, аз ҷумла, зикр кард, ки бо мақсади дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ фароҳам овардани заминаи моддию техникӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ “Барномаи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)” қабул гардидааст ва дар партави он дар донишгоҳ Институти илмӣ-тадқиқотии “Илмҳои табиатшиносию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо” ташкил карда шуд ва айни замон фаъолият дорад. Баъдан профессор Ҳамид Маҷидов оид ба нақши илмҳои табиатшиносӣ ва методикаи таълими онҳо дар ҳалли ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии кишвар, дотсент Маъруф Ҷумаев дар бораи сохтори комплекси фазагии системаи Na2SO4-K2So4-MgSo4-CaSO4-H2O дар ҳарорати 0 градус ва дотсент Сафаралӣ Сияҳаков перомуни нақши физика дар саноатикунонии  босуръати кишвар маъруза намуданд. Сониян кори конференсия дар бахшҳо идома ёфт. Ёдовар мешавем, ки маводи конференсия дар шакли маҷмуа дар ҳаҷми 400 саҳифа аз чоп баромадааст, ки фарогири зиёда аз 140 мақолаи илмӣ ва методӣ мебошад.

 

Суратгузориш аз рафти конференсия:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj