• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

СЕМИНАРИ ИЛМӢ РОҶЕЪ БА МУШКИЛОТИ МУОСИРИ ЭКОЛОГӢ

2 июни соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семинари илмӣ-фарҳангӣ дар мавзуи “Мушкилоти муосири экологӣ” ба муносибати 80-солагии доктори илмҳои биология, профессор Абдуллоҷон Эргашев баргузор гардид. Семинарро декани факултети география дотсент Аҳрор Қаландаров ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод. Ректори донишгоҳ зимни баромади худ аз саҳми профессор Абдуллоҷон Эргашев дар рушди илми тоҷик ёдовар шуда, қайд кард, ки мавсуф муаллифи зиёда аз 305 кори илмӣ, аз ҷумла 4 ихтироот, 8 монография ва 9 китоби дарсӣ мебошад. Инчунин таҳти роҳбарии ӯ 10 нафар рисолаи худро бомуваффақият дифоъ намудаанд. Сипас, профессор директори Муассисаи давлатии “Лабораторияи илмию тадқиқотии ҳифзи табиат”-и Кумитаи ҳифзи табиати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон Убайд Акрамов оиди нақши танзими амалии системаи хизматрасонии экосистемавӣ дар барққароркунии захираҳои гуногуни биологӣ ва директори Маркази рушди инноватисонии илм ва технологияи нави АМИТ Анвар Қодиров перомуни таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати экологӣ ва гидрологии дарёи Кофарниҳон маърӯза карданд. Ҳамзамон як қатор шогирдон ва дӯстони Абдуллоҷон Эргашев баромад намуда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ ибрози андеша намуданд. Дар фарҷом профессор Абдуллоҷон Эргашев аз тарафи Раёсат ва Иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ бо медали ҷашнии ДДОТ ба номи С.Айнӣ сарфароз гардонида шуд.

Суратгузориш аз рафти семинар:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj