• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ШАНБЕГӢ БИДУНИ ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН БАРГУЗОР ГАРДИД

12-уми июни соли ҷорӣ баҳри тақвияти корҳои ободониву покизагӣ дар асоси дастури ректори донишгоҳ, ҳашари дастаҷамъона дар утоқҳои корӣ ва гирду атрофи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур ҳайати раёсат, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ширкат варзиданд. Шанбегии мазкур, ки бо мақсади тозаву озода намудани гирду атрофи биноҳои таълимӣ, утоқҳои корӣ ва кафедраҳо роҳандозӣ гардида буд,   бидуни ширкати донишҷӯён баргузор гардид.

Зимнан, ректори донишгоҳ аз рафти шанбегӣ дидан намуда, ҷиҳати тозаву покиза нигоҳ доштани утоқҳои корӣ ва гирду атрофи донишгоҳ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Суратгузориш аз рафти шанбегӣ:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj