• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ИТТИҲОДУ ЯКДИЛӢ АЗ ВАҲДАТ АСТ

18-уми июни соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ – кафили субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон” доир гардид.

Ҳамоиши илмиро Абдусалом Мирзозода, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ифтитоҳ намуда, зимнан иброз намуд, ки Ваҳдати миллӣ, беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуъ ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад. Мавсуф ҳамзамон ёдрас кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”. Дар идомаи ҳамоиши илмӣ Рафиқа Мусоева, ходими давлатӣ, депутати сессияи Иҷлосияи тақдирсоз перомуни аз як гиребон бурун омадан, ҳамдигарфаҳмиву миллатдӯстӣ, Ҳайдаршо Пирумшоев, доктори илмҳои таърих, профессор дар бобати Ваҳдат-бақои давлату миллат, Орумбекзода Шамсиддин, собиқ вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими Ваҳдат ва ҷараёни гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон, Қаҳҳор Расулиён, доктори илмҳои таърих, профессор дар атрофи мавзӯи роҳбарони доно ва фиристодагони тавона ибрози андешаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Ёдовар мешавем, ки кори конференсия дар бахшҳо идома ёфт.

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj