• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МАҚОМУ  ИФТИХОРИ МО ЗИ ИЛМ АСТ!

Боиси ифтихор аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар сабқати ҷумҳуриявӣ, ки 38 муассисаи таҳсилоти  олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд, дар бахши фанҳои табиатшиносию риёзӣ дар ҷумҳурӣ ба мақоми 2-юм  сазовор дониста шуда, аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва як адад принтери замонавӣ қадрдонӣ карда шуд.

Соли ҷорӣ даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст...»  дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир гардид.

Дар олимпиадаи мазкур аз 38 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар зиёда 424 нафар ғолибони олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ аз  рӯи фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, сиёсатшиносӣ, педагогикаи умумӣ, назарияи иқтисодӣ, математика, физика, химия, информатика, биология-экология ва географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографӣ дониши худро санҷиданд.

Ҳадафи баргузории олимпиада ин дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва парвариши минбаъдаи онҳо буда, айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад ва дар ин сабқат баргузидаҳо зиёда аз 300 нафар мебошанд.

Дар олимпиадаи мазкур дастаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ аз рӯйи фаннҳои таълимии номбаршуда, санаҳои 17 ва 18–уми июн сабқат намуда, 5 нафар ба мақоми намоён сазовор дониста шуд, аз ҷумла:

1.Ниёзов Дилшод-донишҷўи курси 3-уми факултети таърих, аз рўи ихтисоси таърихи халқи тоҷик – ҷои 1-ум;

2.Исмоилов Хушбахт-донишҷўи курси 5-юми факултети биология, аз рўи ихтисоси биология – ҷои 1-ум;

3.Каримов Достон-донишҷўи курси 5-уми факултети химия, аз рўи ихтисоси химия – ҷои 2-юм;

3.Садриддинов Озодбахт-донишҷўи курси 3–юми факултети география, аз рўи ихтисоси географияи иқтисодии Тоҷикистон ва асосҳои демография–ҷои 2-юм;

5.Шайхова Нигина-донишҷўи курси 5-уми факултети таҳсилоти ибтидоӣ, аз рўи ихтисоси фалсафа ҷои 3-юм.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯёни дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳти назорат ва дастгирии ҳамешагии ректори донишгоҳ қарор дошта, аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба омода карда мешаванд.  Аҳлиддин Ибодуллозода тасмим дорад, ки машғулиятҳои таълимии ин дастаро пурзӯртар намуда, барои иштирок дар олимпиадаҳои на танҳо сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки сатҳи байналмилалӣ низ омода намояд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj