• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МУЛОҚОТИ ИБОДУЛЛОЗОДА БО ДОКТОРАНТОН АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD)

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо мақсади татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди маориф ва илм бо докторантон аз рӯи ихтисос (Phd) вохӯрӣ баргузор намуд. Маврид ба ёдоварист, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шумораи докторантон 82 нафарро ташкил намуда, дар курсҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм таҳсил менамоянд. Ректори донишгоҳ зимни вохӯрӣ шахсан бо ҳар як докторант суҳбат намуда, доир ба мақолаҳои чопкардаашон ва дар кадом сатҳ қарор доштани рисолаҳои илмияшон пурсон шуда, ба докторантоне, ки дар курси ниҳоӣ қарор доранд, муҳлати мушаххас барои дифои рисолаҳояшон пешбинӣ намуд. Илова бар ин, ректори донишгоҳ дастур дод, ки аз докторантоне, ки рисолаи илмияшон дар муҳлати муайяншуда барои ҳимоя пешниҳод намешаванд, маблағи таҳсил ситонида  мешавад. Ҳамзамон ректори донишгоҳ таъкид кард, ки докторантоне, ки рисолаи номзадияшонро анҷом дода, дар арафаи ҳимоя қарор доранд, ба 0,75 воҳиди корӣ дар кафедраҳое, ки таҳқиқот мебаранд, ба кор таъмин карда шаванд. Аҳлиддин Ибодуллозода, дар ҳузури докторантон иброз намуд, ки 10 ҳазор сомонӣ ба ҳар як докторанте, ки пеш аз муҳлат сарбаландона рисолаи илмӣ дифоъ менамояд, тақдим карда мешавад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj