• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН БАҲРИ ОБОДИСТ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ҳамаи кормандону омӯзгорон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки ҳадаф аз он покиза намудани гирду атрофи таълимгоҳ, нарм кардани бехи дарахтон, тозакориҳо дар ҳудуди гулзорҳои атрофи биноҳои таълимӣ ва беҳтар намудани симои пойтахт мебошад. Дар шанбегии дастаҷамъона ҳайати кормандони раёсат, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуда, гирду атрофи биноҳои таълимӣ, атрофи майдончаҳои назди бинои асосиро ба тартиб оварда, алафҳои хушкида ва ҳалқагулҳои атрофи донишгоҳро тозаву озода карданд.

Илова бар ин, кормандону омӯзгорони донишгоҳ идомаи тозакориро дар хиёбони ташрифотию марказии ҳамшафати донишгоҳ идома дода, онро тозаву озода намуданд. Бояд гуфт, ки чунин корҳои ободонию покгардонӣ аз фарҳанги волову шоистаи миллати куҳану соҳибтамаддуни тоҷик сарчашма мегирад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj