• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҶРИБАОМӮЗОН ҲАМЕША ТАҲТИ НАЗОРАТИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ҚАРОР ДОРАНД!

Имрӯз дар асоси дастури ректори донишгоҳ Наҳтулло Айнуллозода-муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, Искандар Сулаймонов-сардори раёсати таълим аз рафти таҷрибаомӯзии саҳроии донишҷӯёни факултети химия дар боғи “Агробиолабораторӣ”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар дараи Ромит ҷойгир аст, дидан намуданд. Маврид ба зикр аст, ки бо ибтикори Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ ба тозагӣ сохтмони бинои таҷрибаомӯзии таълимии замонавӣ дар боғи “Агробиолабораторӣ”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар дараи Ромит ҷойгир аст ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки боғи “Агробиолабораторӣ”-и мазкур барои донишҷӯёни факултетҳои химия, биология ва география макони баргузории таҷрибаомӯзии таълимӣ мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки дар асоси дастури ректори донишгоҳ муовинон ва сардорони раёсатҳои донишгоҳ давра ба давра аз рафти таҷрибаомӯзии саҳроии донишҷӯён дидан хоҳанд кард.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj