• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР” ИНТИХОБ ГАРДИД

Имрӯз дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки таҳти унвони “Омӯзгор” фаъолият менамояд, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Аҳлиддин Ибодуллозода, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Ҷумахон Ҷурахонзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ, Умринисо Казакова, раиси собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва аъзои ташкилоти ҳизбӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоии «Омӯзгор» оид ба фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуда, зикр гардид, ки айни ҳол шумораи умумии аъзоёни ташкилот 1164-нафар буда, аз ин 422-нафар омӯзгорону кормандон ва 742-нафар донишҷӯёнро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардида, тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омӯзгор» Аҳлиддин Ибодуллозода бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб интихоб карда шуд.

 

Дар идомаи ҷаласа Хайринисо Юсуфӣ бо қироати як байти зебое ба суханронии хеш шуруъ намуда, иброз дошт, ки рисолати омӯзгорӣ барои фурсати андаке нест. Омӯзгор бо инсон ва ояндасози миллат дастбакор аст ва аз ин рӯ, омӯзгорро мебояд, ки содиқона баҳри ояндаи миллатро тарбият намудан камари ҳиммат баста намоянд. Дар фарҷом як қатор аъзои фаъоли Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омӯзгор» бо ифтихорномаи КИ ҲХД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj