• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАРАҶА ВА УНВОНИ ИЛМӢ ЭЪТИБОР ВА ОБРӮИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ МЕБОШАД

Дар байни ҷомеа касби омӯзгорӣ ҳамеша бонуфуз ва пуршараф дониста мешавад. Омӯзгор тавассути заҳмат, адолатпешагӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ ва донишмандӣ соҳиби обрӯ, эътибор ва шуҳрат мегардад. Яке аз роҳҳои муваффақият ва ноил шудан ба эътибор, обрӯ ва шӯҳрат ин соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ гардидан мебошад.

Баъзеҳо таъкид менамоянд, ки барои дарс додан дар донишгоҳ рисолаи номзадӣ дифоъ кардан ва дараҷаи номзади илм гирифтан шарт нест. Аммо бидуни ҳимояи рисолаи номзадӣ омӯзгор дар беҳтарин ҳолат вазифаи муаллими калонро ишғол намуда, имкони пешравии минбаъда дар вазифаро аз даст медиҳад. Яъне дар донишгоҳ ҳамчун омӯзгор барои гирифтани дараҷаи номзади илм кӯшиш накардан ва рисолаи номзадӣ ҳимоя накардан боиси бавуҷудоии душворӣ мегардад. Баъдан омӯзгор маҷбур мешавад то охири фаъолияти меҳнатии худ дар вазифаи муаллими калон кор кунад. Вазифаҳо дар донишгоҳ аз ассистент оғоз шуда, ба муаллими калон, дотсент идома меёбад ва ба профессор ба итмом мерасад.

Дар асоси “Дастурамали вазифавии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, №2/21 тасдиқ шудааст, ба вазифаи ассистент шахсе таъин карда мешавад, ки дорои таҳсилоти олии касбӣ, ва собиқаи кори илмӣ-омӯзгории на камтар аз яксола бошад. Номзади илм бе собиқаи кории илмию омӯзгорӣ метавонад ба вазифаи ассистент таъин шавад. Ба вазифаи муаллими калон шахсе интихоб карда мешавад, ки собиқаи кори илмӣ-омӯзгории на камтар аз панҷсола дошта бошад. Ба ин вазифа маъмулан танҳо барои як давр аз ҷумлаи ассистент (ва ё муаллим)-они баландихтисос интихоб мегардад, ки дар сатҳи баланди ғоявию назариявӣ курси лексия ва дигар машғулиятҳои дарсиро барад ва фаъолияти илмию таҳқиқотиро бо муваффақият давом дода, дар муддати як давраи интихобшудааш рисолаи илмии номзадии хешро барои ҳимоя омода намояд. Дар сурати баъди рисолаи номзадиро ҳимоя кардан ба ин вазифа интихоб шудан дар ин муҳлат бояд на камтар аз ду дастури таълимию методӣ таҳия намуда ва ба нашр расонида, ҳангоми дар кафедра ҷой доштани вазифаи дотсентӣ дар озмуни ишғоли вазифаи дотсентӣ иштирок намояд. Ба вазифаи дотсент шахсе интихоб карда мешавад, ки собиқаи кори илмӣ-омӯзгории на камтар аз панҷсола дошта бошад. Унвони илмии дотсент (ходими калони илмӣ)-и кафедра ва дараҷаи доктори илм дошта бошад. Дорои дараҷаи номзади илм, собиқаи кории илмию омӯзгории на камтар аз 5 сол ва мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимию методӣ бошад, ки дар 3 соли охир нашр шудаанд. Иерархияи вазифаҳои донишгоҳро профессорӣ ба итмом мерасонад. Ба вазифаи профессор шахсе интихоб карда мешавад, ки собиқаи кори илмӣ-омӯзгории на камтар аз панҷсола ва дараҷаи доктори илм аз рӯи самти кафедра дошта бошад. Ба таври истисно ба вазифаи профессор мутахассисони баландихтисос, ки дараҷаи номзади илм, таҷриба ва собиқаи калони кории илмӣ-омӯзгорӣ (на кам аз 10 сол) доранд, қабул карда мешаванд.

Яъне омӯзгор барои бунёди карераи муваффақ бояд аввал рисолаи номзадӣ дифоъ кунад, ки ин дараҷа ба вай имкон медиҳад вазифаи дотсенти донишгоҳро ишғол намояду пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ, вазифаи профессориро мегирад. Пас саволе бавуҷуд меояд, ки дараҷаи илмӣ ва унвонӣ илмӣ чист?

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” аз 18 марти соли 2015, № 1197 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат эътироф карда мешаванд. Дараҷаҳои илмие, ки дар кишварҳои дигар дода шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд (моддаи 19). Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмии академии узви ҳақиқӣ (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин унвонҳои илмии дотсент ва профессор дода мешаванд. Унвонҳои илмии академӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои интихоботе, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои илмҳои соҳавии мақоми давлатидошта анҷом медиҳанд, дода мешаванд. Шарти муҳим барои додани унвонҳои илмии академӣ мавҷудияти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат ба ҳисоб меравад. Тартиби додани унвонҳои илмӣ дар академияи ҷамъятии илмҳо бо оинномаи он муайян карда мешавад. Унвонҳои илмие, ки дар давлатҳои дигар дода шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд (моддаи 20). Номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат, дараҷаҳои илмие, ки бо дархости шӯроҳои диссертатсионӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони илмӣ (муҳаққиқон) ва (ё) илмию техникӣ пас аз ҳимояи рисолаҳои илмӣ (диссертатсия) дода мешаванд. Дотсент, профессор - унвонҳои илмие, ки бо дархости ташкилоти илмӣ ё муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд (моддаи 1).

Барои сазовор гардидан ба дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ якқатор талаботҳо муқаррар шудааст. Масалан дар асоси Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, ки ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021, №267 тасдиқ гардидааст, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ба довталаб зарур аст: соҳиби дипломи магистр ё мутахассис бошад (барои ихтисосҳои тиббии клиникӣ – доштани ҳуҷҷат дар бораи хатми резидентура ё ординатура, интернатура бо собиқаи 2-солаи кор, ба истиснои ихтисосҳои тибби назариявӣ); барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро дар аспирантура ё ба ҳайси унвонҷӯ аз худ карда бошад; имтиҳонҳои минимуми номзадиро супорида бошад; тибқи ихтисоси илмии аспирантура ё Феҳристи ихтисосҳои илмӣ (ба ҳайси унвонҷӯ) мустақилона диссертатсия омода карда бошад; аз муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст, хулосаи мусбат дошта бошад.

Мавзӯи кори илмии довталаб дар доираи ихтисос тасдиқ карда мешавад. Ба таври истисно, довталаби собиқаи кории на камтар аз 5-соладоштае, ки ихтисоси асосиаш ба соҳаи илми диссертатсияи омодашуда мувофиқат намекунад, дар ҳаҷми барномаи таълимии муқаррарнамудаи муассисаи таҳсилотӣ бояд курси то дусолаи омӯзишӣ гузарад ва аз рӯи ихтисоси диссертатсия имтиҳони иловагии тахассусӣ супорад. Дар ҳолати аз рӯи ду ихтисос омода кардани диссертатсия довталаб бояд аз ҳарду ихтисос имтиҳони минимуми номзадӣ супорад. Агар аз супоридани имтиҳони минимуми номзадӣ аз рӯи ихтисос 5 сол сипарӣ шуда бошад, довталаб бояд онро аз нав супорад (бандҳои 17-20).

Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯи ихтисос ба довталаб зарур аст, ки: дипломи дараҷаи таҳсилоти олии касбии магистр дошта бошад (барои ихтисосҳои тиббии клиникӣ – доштани дипломи мутахассис ё магистр, ҳуҷҷат дар бораи хатми резидентура ё ординатура, интернатура бо собиқаи 2-солаи кор, ба истиснои ихтисосҳои тибби назариявӣ); аз рӯи ихтисоси мутобиқ ба Феҳристи ихтисосҳои илмӣ барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро дар докторантура аз рӯи ихтисос аз худ карда бошад; имтиҳонҳои маҷмӯии муқарраршудаи докторантура аз рӯи ихтисосро супорида бошад; тибқи ихтисоси илмии докторантура аз рӯи ихтисос диссертатсия таҳия карда бошад; аз муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст, хулосаи мусбат дошта бошад.

Довталабе, ки ихтисоси магистриаш ба соҳаи илми диссертатсияи омодакардааш мувофиқат намекунад, бояд дар ҳаҷми барномаи магистрии муассисаи таълимӣ аз рӯи соҳаи илми ба ихтисоси диссертатсия мувофиқбуда имтиҳони иловагӣ супорад. Дар ҳолати аз рӯи ду ихтисос омода намудани диссертатсия довталаб бояд аз ҳарду ихтисос имтиҳонҳои маҷмӯӣ супорад. Агар аз супоридани имтиҳонҳои маҷмӯӣ 5 сол сипарӣ шуда бошад, довталаб бояд имтиҳону санҷишҳои тахассусиро аз нав супорад (бандҳои 21-24).

Яъне барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва ё доктори фалсафа (РhD) таҳсил ба ҳайси аспирант, унвонҷӯ ва ё таҳсил дар докторантура аз рӯи ихтисос ҳатмӣ мебошад.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” аз 19 майи соли 2009, № 531 аспирант - шахси дорои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар аспирантура таҳсил менамояд. Унвонҷӯ бошад шахсе, ки таҳсилоти олии касбӣ дошта, ба аспирантура ва ё докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё муассисаи илмӣ вобаста шудааст ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм бидуни таҳсил дар аспирантура рисолаи илмӣ таълиф мекунад ва ё шахсе, ки дорои дараҷаи илмии номзади илм буда, барои гирифтани дараҷаи илмии докторӣ бидуни таҳсил дар докторантура рисолаи илмӣ таълиф мекунад. Докторант аз рӯи ихтисос - шахси дорои дараҷаи таҳсилоти олии касбии магистр, барои ихтисосҳои тиббӣ магистр - ординатори клиникӣ, ки бо мақсади таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос дар докторантура таҳсил мекунад (моддаи 2).

Ба аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси озмун шахсоне, ки таҳсилоти олии касбии мутахасис доранд қабул карда мешаванд. Мӯҳлати таҳсил дар аспирантура дар шӯъбаи рӯзона 3 сол ва дар шӯъбаи ғоибона 4 сол муқаррар карда мешавад. Муҳлати таҳсил дар докторантура аз рӯи ихтисос бо додани дараҷаи олии академӣ доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос се сол мебошад (моддаи 13).

Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ба довталаб зарур аст, ки: дипломи дараҷаи илмии номзади илм дошта бошад; аз рӯи ихтисоси мутобиқ ба Феҳристи ихтисосҳои илмӣ барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро дар докторантура ё ба ҳайси унвонҷӯ аз худ карда бошад; тибқи ихтисоси илмии докторантура диссертатсия таҳия карда бошад ё ба ҳайси унвонҷӯ тибқи Феҳристи ихтисосҳои илмӣ мустақилона диссертатсия омода карда бошад; аз муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст, хулосаи мусбат дошта бошад.

Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат ба довталаб зарур аст, ки: дипломи дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯи ихтисос дошта бошад; аз рӯи ихтисоси мутобиқ ба Феҳристи ихтисосҳои илмӣ барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро дар постдокторантура аз худ карда бошад; тибқи ихтисоси илмии постдокторантура диссертатсия таҳия карда бошад; аз муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст, хулосаи мусбат дошта бошад.

Барои ҳимояи рисолаи доктори бошад шахс метавонад дар доктарантура таҳсил намояд ва ё бидуни таҳсил ба ҳимоя барояд. Докторант - шахсе, ки соҳиби дараҷаи илмии номзади илм буда, барои дарёфти дараҷаи доктори илм ба докторантура қабул шудааст. Доктори ҳабилитат - дараҷаи олии академие, ки ба шахсони барномаи постдокторантураро аз рӯи ихтисоси муайян азхуднамуда баъд аз ҳимояи рисолаи илмии дахлдор дода мешавад.

Дар баробари таҳсил ва ба итмом расонидани рисола шартҳои муайян барои қабули кор ба Шӯрои дифо бояд риоя шаванд. Аз ҷумла ҳадди ақали теъдоди мақолаҳои дар маҷаллаҳои тақризшаванда банашррасида ва маърӯзаҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ: барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯи ихтисос дар соҳаи илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ – 3 мақола (2 мақола дар алоҳидагӣ), на камтар аз 2 маърӯза дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, дар соҳаи илмҳои табиӣ, математикӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва техникӣ – 2 мақола (1 мақола дар алоҳидагӣ), на камтар аз 1 патент ё нахустпатент, гувоҳнома, шаҳодатнома, санад оид ба ҷорикунӣ дар истеҳсолот, ихтироот ё татбиқ дар объекти таҳқиқот ва 2 маърӯза; барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат – дар соҳаи илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ – 14 мақола (на камтар аз 5 мақола дар алоҳидагӣ), 1 монографияи илмии тақризшуда ва на камтар 5 маърӯза дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақав ва байналмилалӣ, дар соҳаи илмҳои табиӣ, математикӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва техникӣ – 12 мақола (на камтар аз 7 мақола дар алоҳидагӣ), 1 монографияи илмии тақризшуда, 2 патент ё нахустпатент, гувоҳнома, шаҳодатнома, санад оид ба ҷорикунӣ дар истеҳсолот, ихтироот ё татбиқ дар объекти таҳқиқот ва 5 маърӯза.

Баъд аз ҳимояи диссертатсия барои сазовор гардидан ба атестати унвони дотсентӣ ва ё профессорӣ омӯзгор бояд корҳои муайянро ба сомон расонад. Аз ҷумла дар асоси Тартиби додани унвонҳои илмӣ, ки ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021, №267 тасдиқ шудааст, унвони илмии дотсент ба корманди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ё илмию таҳқиқотие (минбаъд-Муассиса) дода мешавад, ки дорои иҷозатнома ва аккредитатсияи давлатӣ вобаста ба амалӣ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, тахассуси иловагӣ, азнавтайёркунии тахассусӣ дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ, баъдидипломӣ ё такмили ихтисос бошад. Довталаби унвони илмӣ дар рӯзи ба шӯрои олимони (илмию техникии) Муассиса пешниҳод кардани парвандаи аттестатсионӣ бояд ба талаботи зерин мувофиқат намояд: маводи таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва илмии банашррасида дошта бошад ва машғулиятҳои лексионӣ ва амалию озмоишгоҳиро дар сатҳи баланди тахассусӣ гузаронад; дорандаи яке аз дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ё ҳамин гуна дараҷаҳои илмиро дар хориҷи мамлакат дарёфт карда бошад, ки аз тарафи Комиссия баробарарзиш дониста шудааст.

Довталаб тибқи шартномаи меҳнатӣ дар вазифаҳои президент ё ноиби президенти академияи илмҳо (миллӣ, соҳавӣ), ректор ё муовини ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, директор ё муовини директори муассисаи илмӣ таҳсилоти миёнаи касбӣ, директор ё муовини директори филиали муассиса (пажӯҳишгоҳи илмӣ ё таълимӣ-илмӣ), сардор ё муовини сардори донишкада, декан ё муовини декани факултет, мудир ё муовини мудири кафедра, роҳбар ё муовини роҳбари шуъба (бахш, озмоишгоҳ)-и илмию таҳқиқотӣ ё таҷрибавӣ-конструкторӣ, котиби илмии муассиса, профессор, дотсент, сарходими илмӣ ё ходими калон ва ё ҳамин гуна вазифаҳо ё вазифаҳои ба онҳо баробаркардашудае, ки дар феҳристи вазифаҳои мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудаанд, кор кунад.

Меъёрҳои ба довталаб додани унвони илмии дотсент: на камтар аз 3 сол доштани собиқаи фаъолияти илмию омӯзгорӣ баъди ҳимояи диссертатсияи номзадӣ, аз ҷумла 2 соли он аз рӯи ихтисоси илмии дархостшаванда ва аз курси такмили ихтисоси касбӣ (на кам аз се моҳ) гузаштан; дар муассисаи дархостдиҳанда амалӣ намудани фаъолияти омӯзгорӣ ба андозаи на кам аз 0,25 басти корӣ (ё ҳамкорӣ) аз рӯйи ихтисоси илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда; доштани на кам аз 20 маводи таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва илмии банашррасида бо баҳисобгирии патентҳо, нахустпатентҳо барои ихтироот ва объектҳои дигари моликияти зеҳнӣ, ки дар раванди таҳсилот истифода мешаванд; дар зарфи 5 соли охир доштани 2 дастури таълимию методӣ (яке дар алоҳидагӣ), 3 мақолаи тақризшаванда (дар солҳои гуногун банашррасида) бо баҳисобгирии монографияи илмии чопшуда. Фишурдаи маърӯза, маводи конференсия, барномаи кории таълимӣ, силлабус, саволномаҳои тестӣ, дастурамалҳои таълифи корҳои курсию дипломӣ ва барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд (бандҳои 8-12).

Унвони илмии профессор ба кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ё илмию таҳқиқотие дода мешавад, агар довталаб дорандаи дипломи дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат ё ҳамин гуна дараҷаҳои илмиро дар хориҷи мамлакат дарёфт намуда бошад, ки аз тарафи Комиссия баробарарзиш дониста шудааст.

Меъёрҳои ба довталаб додани унвони илмии профессор: баъди ҳимояи диссертатсияи докторӣ доштани на кам аз 10 сол собиқаи фаъолияти илмию омӯзгорӣ, аз ҷумла на кам аз 3 сол аз рӯйи ихтисоси илмии дархостшаванда; дар вазифаҳои президент ё ноиби президенти академияи илмҳо (миллӣ, соҳавӣ), ректор ё муовини ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, директор ё муовини директори муассисаи илмӣ таҳсилоти миёнаи касбӣ, директор ё муовини директори филиали муассиса (пажӯҳишгоҳи илмӣ ё таълимӣ-илмӣ), сардор ё муовини сардори донишкада, декан ё муовини декани факултет, мудир ё муовини мудири кафедра, роҳбар ё муовини роҳбари шуъба (бахш, озмоишгоҳ)-и илмию таҳқиқотӣ ё таҷрибавӣ-конструкторӣ, котиби илмии муассиса, профессор, дотсент, сарходими илмӣ ё ходими калон ва ё ҳамин гуна вазифаҳо ё вазифаҳои ба онҳо баробаркардашудае, ки дар феҳристи вазифаҳои мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудаанд фаъолият намуда, дар муассисаи дархостдиҳанда ба андозаи на камтар аз 0,25 басти корӣ (ё ҳамкорӣ) аз рӯйи ихтисоси илмии дар парвандаи аттестатсионӣ дархостшуда фаъолияти омӯзгорӣ барад; ба ҳайси роҳбар ё мушовири илмӣ тайёр кардани на кам аз 2 мутахассиси дорои тахассуси олии дараҷаи илмидошта (барои довталабони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ на кам аз 5 мутахассис), ки мавзӯи диссертатсионии онҳо ба ихтисоси илмии дархостшудаи довталаб мутобиқат кунад; доштани на камтар аз 50 маводи таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва илмии банашррасида бо баҳисобгирии патентҳо, нахустпатентҳо барои ихтироот ва дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки дар раванди таҳсилот истифода мешаванд; дар зарфи 5 соли охир доштани на камтар аз 3 дастури методӣ (2 дастур дар алоҳидагӣ) ё монография, 5 мақолаи илмии дар солҳои гуногун банашррасида, 1 китоби дарсӣ аз рӯйи ихтисоси илмии дархостшуда. Фишурдаи маърӯза, маводи конференсия, барномаи кории таълимӣ, силлабус, саволномаҳои тестӣ, дастурамалҳои таълифи корҳои курсию дипломӣ ва барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд (бандҳои 13-16).

Дар соҳаи илм барои олим-омӯзгор унвони илмии академӣ узви вобастаи Академияи миллии илмҳо ва узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳо мебошад. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” аз 20 апрел соли 2021, №1780 узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳо - унвони илмии академӣ, ки ба узви вобастаи Академияи миллии илмҳо барои саҳм дар рушди илми ватанӣ бо асарҳои дорои аҳамияти муҳимми илмӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дода мешавад. Узви вобастаи Академияи миллии илмҳо бошад унвони илмии академӣ, ки ба олими дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктор ҳабилитат барои саҳм дар рушди илми ватанӣ бо асарҳои муҳимми илмӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дода мешавад (моддаи 1).

Пас омӯзгори донишгоҳ бояд маҳорати баланди педагогӣ дошта, соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ бошад. Омӯзгори дорандаи дараҷа ва унвони илмӣ омӯзгори намунавии донишгоҳ мебошад. Омӯзгор дар донишгоҳ метавонад шахсе бошад, ки фанни худро хуб медонад, ба он дилбастагӣ дорад ва пайваста аз ҷиҳати касбӣ, дараҷаву унвони илмӣ то сатҳи академикӣ рушд мекунад. Агар омӯзгор бо донишҷӯён робита пайдо кунад, пас натиҷаи фаъолияти ӯ зуд ба назар мерасад, вагарна донишҷӯён танҳо интизори анҷоми лексия мешаванд. Ассистент, дотсент ё профессор бояд савияи худро мунтазам баланд бардорад, адабиёти махсусро мутолиа намояд, бо навигариҳои соҳаи дониши худ шинос шавад, ба тайёрӣ ба ҳар як дарс дарояд ва бо камоли масъулият муносибат кунад. Дар байни сифатҳои зарурии шахсии омӯзгор масъулият ва меҳнатдустӣ, ҳавас ба кори худ, малакаи муошират, қобилияти пайдо кардани тамос бо шунавандагон ва пешниҳоди мавод ба таври ҷолиб ва дастрас, майл беандоза ба фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ, эҳтиром ба шогирдон ва ҳамкорони худ, сухани возеҳ ва дақиқ, сабр ва оромӣ меистад. Омӯзгори хуб кӯшиш менамояд, ки аввал худ ва баъдан шогирдонаш дар муҳлатҳои муқарраргардида соҳиби дараҷа ва унвонӣ илмӣ гарданд, мактаби илмии худро дошта бошад.

Таҳлили таҷрибаи давлатҳои хориҷа оид ба соҳиб шудан ба унвони илмии профессор далели он аст, ки нисбат ба Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа ба докторони илм барои соҳиб шудан ба унвони илмии профессорӣ бартарӣ дода шудаст. Масалан дар Федератсияи Россия дар асоси Низомнома дар бораи додани унвонҳои илмӣ, ки бо қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 10 декабри соли 2013, № 1139 тасдиқ шудааст, оид ба мӯҳлат муқаррар гардидааст, ки унвони илмии профессор ба кормандони илмӣ ё илмӣ-педагогӣ дода мешавад, ки барои гирифтани унвони илмӣ муроҷиат мекунад, агар вай дар рузи ба шурои ташкилот пешниҳод кардани парвандаи аттестатсионӣ ба талаботи зерин мувофиқат намояд: дорои унвони илмии дотсент аз рӯзи таъйин шуданаш бошад ва на камтар аз 3 сол гузашта бошад; мавҷуд будани собиқаи на камтар аз 10 соли фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар ташкилотҳо, аз ҷумла на камтар аз 5 сол собиқаи кори таълимӣ аз рӯи ихтисоси илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда. Пас пешниҳод карда мешавд, ки сархати 1, банди 14 Тартиби додани унвонҳои илмӣ, ки ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021, №267 дар таҳрири зайл муқаррар карда шавад: “мавҷуд будани собиқаи на камтар аз 10 соли фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар ташкилотҳо, аз ҷумла на камтар аз 5 сол собиқаи кори таълимӣ аз рӯи ихтисоси илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда”.

 

Ибодуллозода Аҳлиддин Ибоддулло - доктори илмҳои таърих, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj