• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО КАДРҲОИ ТОЗАТАЪЙИНШУДА МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД!
Имрӯз дар мувофиқа бо ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як қатор тағйиротҳои кадрӣ дар сатҳи Раёсати илмӣ-инноватсионӣ, муовинони декан оид ба корҳои илмӣ ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ба амал омад.
Мавриди зикр аст, ки довталабон дар озмуни эълоннамудаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ оид ба ишғоли мансабҳои холӣ, ки имрӯз ҷамъбаст гардид, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ширкат намуда, зимни суҳбат вобаста ба малакаву ихтисос аз ҷониби ректори донишгоҳ ба вазифаҳои мазкур таъйин гардиданд.
Аҳлиддин Ибодуллозода ба кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ таъингардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тавсеаи маҳфилҳои илмиву фаннӣ, тайёр намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҳамзамон омода намудани донишҷӯён ба се озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва мақоми илм дар донишгоҳ барор хост.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj