• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

РЕКТОР: ТАВАҶҶУҲИ ДУХТАРОН БА ИХТИСОСҲОИ ОМӮЗГОРӢ НАТИҶАИ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ!

Имсол Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро тибқи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи интихоби якум 4341 нафар довталаб интихоб намудааст, ки дар қиёс бо солҳои қаблӣ зиёдтар мебошад. Ин дар ҳолест, ки нақшаи қабули соли таҳсили 2022-2023 дар Донишгоҳ 2405 нафар мебошад. Махсусан, духтарон ҳангоми интихоби ихтисосҳо бартарии интихобро ба ихтисосҳои омӯзгории Донишгоҳ додаанд, ки ин шаҳодат аз боло рафтани мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеа ва таваҷҷуҳи бештари ҷавонон, хусусан духтарон, ба касби омӯзгорӣ дониста мешавад.

Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ аз ҷониби духтарон ба ихтисосҳои омӯзгорӣ бартарӣ доданро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону духтарон ва дастгирии ин қишри муҳими ҷомеа аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат арзёбӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки бартарии ихтисосҳои омӯзгорӣ бозгӯи нуфузи бештар пайдо намудани Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар миёни довталабон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар буда, дар натиҷа имсол Донишгоҳро нисбат ба нақшаи қабул ду баробар бештар довталабон интихоб намудаанд. Хусусан, шумораи интихоби ихтисосҳои Донишгоҳ аз рӯи интихоби якум дар муқоиса ба солҳои пешин ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj