• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ҲАМКОРӢ: МУТАХАССИСОНИ ЗАБОНИ ХИТОӢ БЕШТАР МЕШАВАНД
Имрӯз бо иштироки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фаррух Худойдодзода ва декани факултети забони англисӣ Шуҳрат Каримов вохӯрӣ бо директори Донишкадаи Конфутсий баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи қаблан ба тавофуқомада, зимни машварат масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, омодакунии омӯзгорони забони хитоӣ, гузаштан аз такмили ихтисос, идомаи таҳсили донишҷӯён дар зинаҳои бакалавриат ва магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Халқии Хитойро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз рӯи ихтисосҳои забони хитоӣ то кунун зиёда аз 1000 мутахассиси ҷавон донишгоҳро хатм намуда, айни замон онҳо на танҳо дар ҷодаи омӯзгорӣ, балки дар ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Дар тақвияти ҳамкориҳо раёсати донишгоҳ тасмим дорад, ки ҷиҳати таъмини омӯзгорони ихтисосҳои забони хитоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, дар зинаи магистратура низ ихтисоси забони хитоиро дар риштаи омӯзгорӣ таъсис диҳад.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj