• Tajik
  • Russian
  • English
Эълон
There are no translations available.

ЭЪЛОН: ОМОДАГӢ БА ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Бо ташаббуси Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ва “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” дар Донишгоҳ аз рӯи 10 асар озмун баргузор карда мешавад.

Дар озмун иштирокдорон асарҳои хондаи худро муаррифӣ намуда, роҷеъ ба асарҳои хондаашон аз тарафи ҳакамон саволҳо дода шуда, беҳтаринҳо аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Номгӯи китобҳои интихобшуда: “Тоҷикон (давраи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав)”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърихи тамаддуни Ориёӣ”,”Забони миллат-ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои Истиқлол”, “Маснавии маънавӣ”, “Намунаи адабиёти тоҷик”ва “Шоҳнома”.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj