• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

БА ТАВАҶҶУҲИ ҲАВОДОРОНИ ИЛМИ ЗАБОНШИНОСӢ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикор ва дастгирии ректори муассиса д.и.т., профессор Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло нашри маҷаллаи нави илмӣ таҳти унвони “Масъалаҳои забоншиносӣ” шуруъ гардид.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки маҷаллаи мазкур ба талаботи стандарти байнамилалии илмӣ ҷавобгӯ буда, дар рӯзҳои наздик мақолаҳои ин маҷалла ба рӯйхати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (РИНЦ; SCOPUS) ворид карда мешавад. Маҷаллаи “Масъалаҳои забоншиносӣ” аз 29.08.2022 таҳти рақами 260/МҶ-97 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Айни замон вазифаи сармуҳаририи ин нашрияи илмиро н.и.ф., дотсент И.О. Сулаймонов, муовини сармуҳарририи маҷалларо н.и.ф., дотсент А.Мирбобоев ва вазифаи котиби масъулро Ҷ. А. Валиев ба зимма доранд.

Маҷаллаи мазкур бо саъйи кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ таъсис ёфта, мақолаҳои хусусияти илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методиро ба табъ мерасонад. Маҷалла фарогири бахшҳои зерин мебошад: “Масъалаҳои умумии рушди забон”, “Баррасӣ ва мубоҳисот” ва “Тақриз ва китобиёт”.

Ба суроғаи электронии котиби масъули маҷалла Валиев Ҷамшед ҳаводорони илми забон дар доираи улуми забоншиносии тоҷик, типологияи қиёсии забонҳои тоҷикию узбекӣ, тоҷикию англисӣ, тоҷикӣ-фаронсавӣ, тоҷикӣ-русӣ, ҳамзамон доир ба шеваи тадриси забонҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ мақолаҳои худро ирсол карда метавонанд.

Ҳайати таҳририяи маҷалла донишмандони маъруф ва мутахассисони варзидаи соҳаи забоншиносиро муттаҳид намудааст, ки ин барои нигаҳдошти сатҳи баланди илмии мақолоти чопшаванда ва мувофиқати онҳо ба талаботи стандартҳои КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА-и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия мусоидат менамояд.

Ҳаводорони муҳтарами илми забон, идораи маҷалла Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи Дониш ва баргузории “Дарси сулҳ” самимона муборакбод намуда, умедвор аст ҳамкориҳои мову Шумо дар оянда густариш хоҳад кард.

ТАЛАБОТ

барои чопи мақола дар маљаллаи «Масъалањои забоншиносї»

Мақолаҳое, ки ба идораи маҷаллаи “Масъалаҳои забоншиносӣ” пешниҳод мешаванд, бояд тибқи стандартҳои илмии байналмилалӣ таълиф гашта, ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

1.  Мақолаҳо ба идораи маҷалла ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва узбекӣ (забони чопи мақолаҳо маҳдуд нест) дар ҳаҷми чопи стандартии компютерӣ бо ҳуруфи Times New Roman, Times New Roman Tj, ҳаҷми ҳарфҳо - 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 см, аз боло 2 см, аз поён 2 см, ҳошия аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см бояд пешниҳод гарданд.

2.  Дар мақола матлаб бояд ба таври зайл баён гардад: 1) индекси УДК (индекси мазкурро аз ҳама намуди китобхонаҳои илмӣ дастрас намудан мумкин аст); 2) ному насаби муаллиф, вазифа, ҷойи кор; 3) унвони мақола; 4) матни мақола (ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [ ] нишон дода шавад. Намуна: [2, 40] яъне адабиёти 2-юм ва саҳифаи 40); 5) феҳристи адабиёт; 6) аннотатсия ва калидвожаҳои матни асл; 7) маълумот дар бораи муаллиф ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

3.  Аннотатсияҳои мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ навишта шуда, бояд на кам аз 100 ва на беш аз 150 калимаро дар бар гиранд.

4.  Вожаҳои калидӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия шуда, на кам аз 10 ва на зиёда аз 15 калима ё ибораро дар бар гирад.

5.  Маълумот дар бораи муаллиф(он) бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ навишта шуда, бояд нуктаҳои зеринро фаро гирад: ном, насаб ва номи падар (пурра), унвони илмӣ, дараҷаи илмӣ, ҷойи кор, шумораи телефони ҳамроҳ, факс, суроға, e-mail.

6.  Ҳаҷми мақола якҷоя бо расм, ҷадвал, диаграмма, графика ва матни аннотатсия аз 10 то 15 саҳифаи чопӣ бошад.

7.  Феҳристи адабиёт аз рўйи тартиби алифбо мувофиқи низоми стандарти нав (ГОСТ Р7.01.11.-2011) бо зикри саҳифаҳои умумии сарчашмаҳои мавриди истифода таҳия гардад.

8.  Ҳайати таҳририя дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ дорад, ки мақоларо кўтоҳ, таҳриру ислоҳ кунад ва ё ба муаллифон ҷиҳати ислоҳ баргардонад.

9.  Муаллифон ҳамчунин тақризи роҳбари илмӣ ё хулосаи ниҳоди илмии марбутаро доир ба тавсияи мақолаҳо ба чоп пешниҳод намоянд.

10.  Дастхати мақолаҳо баргардонида намешавад.

11.  Дар сурати риоя нашудани талаботҳои мазкур мақолаҳо барои чоп қабул карда намешаванд.

 

Суроға: кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, бинои таълимии №4.

Котиби масуъл: Валиев Ҷ. А.

Телефон: +992 907048591

E-Mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj