• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

Иқдомҳои шоистаи сарварони ду ҷумҳурии бародар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ байни ин ду кишвари ҳамҷавор роҳи васеъ кушод. Айни замон ниҳодҳои гуногуне дар ҳар ду кишвар дар фазои дӯстию бародарии ҳамешагӣ ҳамкориҳои судмандеро роҳандозӣ карда истодаанд. Аз ҷумла, ниҳодҳои илмию таълимии ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд собиқаи тӯлонии ҳамкорӣ дорад. Тайи чанд соли охир бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии Самарқанд чандин чорабиниҳои муштараки илмию адабӣ баргузор карда шуд, ки намунаи барҷастаи он таҷлили 140-солагии устод С. Айнӣ дар Душанбе ва Самарқанд мебошад. Устодони варзидаи ҳарду донишгоҳ дар ҷаласаҳои илмӣ бо маърузаҳо баромад карда, аз хидматҳои беназири С. Айнӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷику ӯзбек қадршиносӣ намуданд.

Бояд  гуфт, ки бо иштироки устодони кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар доираи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд Шурои дифои рисолаҳои номзадию докторӣ дар самти забон ва адабиёти тоҷик баргузор мегардад. Чанде пеш бо иштироки устодони кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ профессорон А. Худойдодов, Р. Восиева ва Ш. Солеҳов ду ҷаласаи ин шуро доир шуд, ки дар он устодони номбурда ҳам ба ҳайси узви шуро ва ҳам ба сифати муқарризи расмӣ иштирок намуданд. Дар доираи ин сафари корӣ устодони номбурда бо устодони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд доир ба дурнамои ҳамкориҳои илмию таълимии оянда табодули таҷриба, китобҳо ва маводҳои таълимӣ ва илмӣ, густариши ҳамкориҳои судманд дар ин самтҳо, тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ, истифодаи зарфиятҳои мавҷудаи ҳар ду донишгоҳ дар партави қарордодҳои ҳамкории байни ҳар ду кишвар, ки ба имзо расиданд, табодули андеша карданд. Чизи дигари хотирмон дар ин сафари устодони кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ ба шаҳри Самарқанд, зиёрати оромгоҳи яке аз устодони муътабари донишгоҳ, собиқ мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, профессор Х. Мирзозода буд. Ҳангоми бозгашт аз Самарқанд устодон Ш. Солеҳов, А. Худойдодов ва Р. Восиева дар деҳаи Рованаки наздикии шаҳри Самарқанд оромгоҳи устод Х. Мирзозодаро зиёрат намуданд. Хизматҳои ин устоди бузург дар рушди мактабу маориф ва илму адабиёти тоҷик беназир мебошад. Соли гузашта бо ибтикори ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва бо иштироки донишмандони ӯзбекистонӣ аз шаҳрҳои Тошканду Самарқанд дар Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба 110-солагии профессор Х. Мирзозода доир карда шуд, ки он ҳам дар самти ҳамкориҳои байни олимони тоҷику ӯзбек дар марҳилаи кунунӣ иқдоми шоиста буд.

Айни замон олимони ДДОТ ба номи С. Айнӣ пайваста дар чорабиниҳои муштараки илмӣ дар шуроҳои дифои рисолаҳои номзадию доктории дар ҳар ду кишвар фаъолона иштирок менамоянд. Донишмандони варзидаи ҳар ду донишгоҳ пайваста дар муҳокима, баррасӣ ва ҳимояи рисолаҳои шогирдони кафедраҳои адабиёти ҳар ду донишгоҳ ба ҳайси муқарриз, коршинос ва муқарризи беруна иштирок мекунанд, ки дар самти ҳамкориҳои илмӣ иқдоми шоиста мебошад.  Илова бар ин, устодони шинохтаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд, хоса ба факултети филологияи тоҷики он барои лексияхонӣ, гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ ва ба ҳайси мушовири илмӣ даъват мешаванд, ки он ҳам маҳсул ва натиҷаи ҳамкориҳои судманд байни ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар мебошад. Бояд гуфт, ки байни кишварҳои номбурда зарфиятҳои хуби ҳамкорӣ мавҷуд аст, ки имрӯзҳо бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон ва Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон ин имкониятҳо истифода шуда истодааст ва умедворем, ки ин иқдомҳо дар устувор гардидани пояҳои дӯстии ҳамешагии халқҳои тоҷику ӯзбек нақши муассир мебозад.

Солеҳов Шамсиддин,

мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj