• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

БА ТОЗАГИВУ ОБОДОНӢ ДИҚҚАТ БОЯД ДОД

12-уми сентябри соли 2022 гурӯҳи кории қисми тарбия таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Н. Н. аз хобгоҳҳои №2 ва №6 боздид ба амал оварда, бо донишҷӯёни ин хобгоҳҳо суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд. Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Н. Н. ба хотири беҳтар намудани вазъи санитарию гигиении ҳуҷраҳои истиқоматӣ ба донишҷӯён тавсияҳои муфид дода, хоҳиш ба амал овард, ки ба тозагиву озодагии ҷойи истиқоматии худ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин ба комендатҳои хобгоҳҳо супориш дода шуд, ки дар ҳар як ҳуҷраи истиқоматии донишҷӯён гулҳои сабзи ороишӣ ташкил намоянд. Бояд ёдовар шавем, ки гурӯҳи кории қисми тарбия шурӯъ аз 12.09.2022 тибқи фармоиши ректори донишгоҳ ва дар асоси нақша чорабиниҳо ҳамарӯза рейду санҷишҳоро дар хобгоҳҳои донишгоҳ ба роҳ мондааст.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj