• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ОЗМУНИ ИХТИРОЪКОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИРО ДАР ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР МЕНАМОЕМ!

Имрӯз бо ибтикори Аҳлиддин Ибодуллозода дар саҳни даромадгоҳи бинои асосӣ намоиши дастовардҳои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар намоиш аз ҷониби садорати 14 факултети донишгоҳ дастовардҳо, аз ҷумла китобҳои муфиди дарсии дар солҳои 2019 - 2022 таълифшуда, донишномаҳо, медалу ҷоизаҳои омӯзгорону донишҷӯён, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиб шудаанд, шаҳодатномаҳо, диплому медалҳо ва патентҳое, ки барои ихтироъкорӣ ба даст овардаанд, рӯнамоӣ гардиданд. Ректори донишгоҳ зимни боздид иброз дошт, ки мақсад аз рӯнамоӣ-муаррифӣ намудани дастовардҳои донишгоҳ ва инчунин ташвиқи омӯзгорону олимон ба таълифи бештари китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ, дарёфти ихтироъкорон, ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба навовариву ихтироъкорӣ мебошад.

Аҳлиддин Ибодуллозода ба хотири муаррифӣ намудани ихтироъкориву ихтироъкорони воқеии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони 31 соли соҳибистиқлолӣ ба масъулини бахши илм дастур дод, ки низомномаи баргузории озмуни «Ихтироъкор»-ро дар кӯтоҳтарин фурсат таҳия намуда, дар таърихи 30-уми сентябри соли ҷорӣ озмуни мазкурро бо ҷалби ихтироъкорони дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор намоянд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj