• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

РЕКТОР: ИРТИБОТРО БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ҚАВӢ НАМОЕД!

Субҳи  имрӯз бо мақсади назорати вазъи интизоми бадарсоии донишҷӯён дар асоси дастури ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар назди даромадгоҳ рейди назоратӣ баргузор карда шуд. Рейди назоратии мазкур муайян намуд, ки зиёда аз 20 нафар омӯзгорону лаборантон ва баъзе аз мудирони кафедраҳо, инчунин иддае аз донишҷӯён дар вақти муқарраргардида ба дарс ҳозир намешуданд. Илова бар ин, баъзе аз донишҷӯён бо  сару либоси ғайрирасмиву риши дамида ва ҳатто бе ҷузвдон ҳозир мешуданд. Бемасъулиятӣ нисбат ба  дарс аз ҷониби донишҷӯён то дараҷае ба назар мерасид, ки қариб то ду соат ва зиёда аз ин ҳам ба дарсҳо дер меомаданд. Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ, зимнан муовинони декан оид ба корҳои тарбиявиро вазифадор намуд, ки иртиботро бо падару модарони донишҷӯёне, ки нисбат ба дарс бепарвогӣ менамоянд, бе ҷузвдону лавозимоти дарсӣ ҳозир мешаванд ва ҳамзамон дар вақти лозима бо сару либоси муқаррашуда ҳозир намешаванд барқарор намуда, онҳоро аз ҳолати бадарсоии фарзандонашон огоҳ намоянд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj