• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

КОРРУПСИЯ - МОНЕА ДАР РАВАНДИ РУШДИ КИШВАР

Дар асоси нақша-чорабинии ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар таърихи 15-уми сентябри соли 2022 мулоқоти намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз намуда, пиромуни ҷилавгирӣ аз аъмоли номатлуби коррупсинӣ изҳори андеша намуд. Сипас, подполковники адлия, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Василбек Қурбон доир ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баромад намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки барои решакан кардани аъмоли коррупсионӣ танҳо мақомоти давлатӣ вазифадор нестанд. Дар ин ҷода бояд тамоми аҳолии кишвар камари ҳиммат банданд. Коррупсия амалест, ки боиси боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, харобии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва фалаҷ гаштани ҷомеа сабаб мегардад. Сӯйистифода аз вазифа, тасарруфи амволи шахсӣ амалҳои коррупсионианд, ки боварии мардумро ба давлат зери суол мебаранд. Дар анҷоми мулоқот муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ба бахшҳои масъул, аз ҷумла бахши тарбия супориш доданд, ки ҷиҳати ироаи муҳтавои маърузаи намояндаи мақоми давлатӣ ба донишҷӯён чорабинӣ ташкил намоянд. Ҳамчунин бахши табъу нашри донишгоҳ муваззаф гардид, ки матни комили маърузаи намояндаи мақоми давлатиро ҷиҳати шиносоӣ дар сомонаи донишгоҳ гузорад.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj