• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ВОХӮРӢ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН
Дар асоси дастури ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода аз санаи 14-уми сентябр то 21-уми сентябри соли 2022 мулоқоти раёсати донишгоҳ бо падару модарони донишҷӯёни курси якуми факултетҳои донишгоҳ баргузор мегардад. То ин замон мулоқот дар факултетҳои иқтисодиёт ва идоракунии маориф, технология, физика, биология, психология ва педагогика баргузор гардид, ки дар он муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, раиси Шурои кураторон Нуралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Дилшод Раҷабов, раиси шуъбаи кор бо ҷавонон Маъдӣ Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, профессор Дониёр Сангинзод падару модарони донишҷӯёнро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, перомуни масоили тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, тарбияи дурусти насли ҷавон суханронӣ намуд ва ҳамзамон аз падару модарон хоҳиш кард, ки пайваста аз рафти таълиму тарбияи фарзандонашон огоҳ ва баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта бо садорати факултетҳо дар иртиботи доимӣ бошанд.
Бояд зикр кард, ки мақсади вохӯрӣ бо падару модарони донишҷӯён пеш аз ҳама риояи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Дастурамали либосҳои тавсиявӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротгаро мебошад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj