• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

НУСРАТИ ДУРРИ ДАРӢ АЗ ОФТОБИ РӮДАКИСТ

Ҳамасола таърихи  22-юми сентябр ба ҳайси  рӯзи Сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Одамушшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пазируфта шудааст. Дар ин росто, қайд кардан ҷоиз аст, ки аз соли 2008 инҷониб ин рӯз ба Рӯдакии бузургвор ихтисос дода шудааст. Ба ҳамин муносибат дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷик ҳамоиши  илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур устодону меҳмонони олиқадр ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Маҳфилро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз бахшид. Сипас ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода маъруза ироа намуда, аз осори куллан пандомези  Рӯдакӣ  ёдовар шуд. Ҳамчунин дар ҳамоиш Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва профессори кафедраи таъриху  назарияи адабиёти донишгоҳ, профессор  Вафо Элбоев зикр  карданд, ки дар густараи забону адаби форсу тоҷик аҳаде нест, ки бо номи Рӯдакӣ ошно набошад ва ӯ воқеан падари шеъри тоҷикӣ аст. Дар фарҷом аз тарафи донишҷӯён намунае аз ашъори  Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  қироат карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки бахши дуввуми ҳамоиш дар факултети филологияи тоҷик бо фарогирии панҷ мавзуъи марбут ба муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ идома ёфт.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj